таҳиякунанда, бозигар ва коргардони амрикоӣ (1875–1948) From Wikipedia, the free encyclopedia
Дэ́вид Лю́элин Уорк Гри́ффит (ҳамчунин Де́йвид Уо́рк Гри́ффит[8][9] англ. David Llewelyn Wark Griffith; 22 январ 1875[1][2][3][…], Ла-Грейнҷ[d], Кентукки[4][5] — 23 июл 1948[1][2][3][…], Ҳолливуд, Калифорния[6]) — коргардон ва филмсози амрикоӣ.
англ. David Llewelyn Wark Griffith | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | англ. David Llewelyn Wark Griffith |
Таърихи таваллуд: | 22 январ 1875[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 23 июл 1948[1][2][3][…] (73 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | коргардони филм, ҳунарпеша, таҳиякунандаи филм, филмноманавис, тадвингар, таҳиякунандаи иҷроӣ, коргардон |
Корнома: | 1907 — 1931 |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0000428 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аз соли 1907 дар киностудияҳои «Эдисон» ва «Байограф» кор карда, нақшҳои лаҳзаӣ мебозид ва сужете барои филмҳо месохт; филмҳои кӯтоҳмуддат ё аз осори классикон филмҳо ба навор мегирифт. Дар Ҳолливуд низ кор кард ва соли 1915 (ҳамроҳ бо Т. Инс ва М. Сенет) сарвари ширкати кинои «Трайэнга» шуд. Соли 1919 ҳамчун таҳиягари мухтор (ҳамроҳи Д. Фэрбенкс, Ч. Чапли ва М. Пикфорд) барои ширкати «Юнайтед артистс», ки худ таъсис дода буд, ба интишори филмҳо шурӯъ кард. Соли 1916 Дэвид Гриффит филми «Таҳаммулнопазирӣ»-ро ба саҳна гузошт, ки дар рушди кинематографияи ҷаҳонӣ марҳалаи тозае оғоз кард. Он ба усулҳои зебошиносию драматургӣ — танзими мутақобил, ки саҳнаҳои замонҳои гуногунро дар раванди рӯ ба рушд бо ҳам меомезад, асос ёфтааст. Филм, бо вуҷуди он ки доираи васеи масоили фалсафию ахлоқиро дар бар мегирифт, дар бозор муваффақ нашуд. Дар нимаи дуввуми солҳои 1910 Дэвид Гриффит ғолибан мелодрамаҳои сентименталӣ ба навор гирифт («Нилуфарҳои шикаста», 1919; «Роҳ ба сӯи Шарқ», 1920 ва ғ.). Дар ибтидои солҳои 1920 аз реализм дур шуд ва самти эҷодияш коҳиш ёфт; филмҳои «Ятимони тӯфон» (1921), «Амрико», «Магар зиндагӣ аҷиб аст?» (ҳар ду — 1924) аз ҷумлаи корҳои чашмраси ӯ мебошанд. Дар ибтидои солҳои 1930 аз фаъолияти кинематографӣ даст кашид. Дэвид Гриффит тарзи асили наворбардориҳои омехтаро ихтироъ намуд (1922), усулҳои асосии нақшофариниро барои ҳунарпешагон тарҳрезӣ кард ва як зумра ҳунарпешагону (Д. ва Л. Гиш, М. Мэрш, М. Пикфорд, Р. Харран, Р. Бартелмес ва дигарон) коргардонҳо (Т. Браунинг, Ҷ. Канвей, В. Флеминг, М. Сеннет, Э. Фон Гитрогейм Р. Уолш ва дигарон)-ро ба камол расонд. Соли 1935 соҳиби ҷоизаи махсуси «Оскар» гардид.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.