From Wikipedia, the free encyclopedia
Дид дар ҳавошиносӣ, ё аёнияти атмосферӣ — имконияти бо чашм дидани объектҳои дур, ки аз мушоҳидагар бо қабати ҳаво ва ё дигар фазои тиракунанда ҷудо карда шудааст.
Омӯзиши аёнияти атмосферӣ барои ҳаракати ҳамаи намудҳои нақлиёт (аёнияти аломатҳои роҳ, истгоҳҳо ва ғайра), корҳои топографӣ (аёнияти аломатҳои триангулятсионӣ), аэроаксбардорӣ ва корҳои ҳарбӣ аҳамияти калони амалӣ дорад. Тағйирёбии аёнияти атмосферӣ ба ивазшавии обу ҳаво зич вобаста аст. Аз ин рӯ, дар пойгоҳҳои метеорологӣ Аёнияти атмосфериро пайваста мушоҳида карда, қимати онро дар пешгӯии обу ҳаво истифода мебаранд. Барои беҳтар кардани аёнияти атмосферии объектҳои андозаҳои кунҷиашон хурд дурбинро истифода бурдан мумкин аст. Дар ҳолати набудани туман ва хокбориш аз шишаи сурх мушоҳида намудани ҷойҳои дур беҳтар мешавад, зеро шишаи сурх нурҳои кабуди фазоро намегузаронад. Ғайр аз ин, ҷойҳои дурро бо шуоъҳои инфрасурх аксбардорӣ кардан мумкин аст. Бо истифода аз радиолокатсия объектҳоро дар ҷойи торик, тумани ғафс ва абр ошкор ва ё аксбардорӣ мекунанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.