From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҷамоати Исфисор — ҷамоатест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон.
ҷамоат | |||
Ҷамоати Исфисор | |||
|
|||
Кишвар | [[|]] | ||
Тобеъи | Ноҳияи Ғафуров | ||
Шомили | 6 деҳа | ||
Маркази маъмурӣ | Исфисор | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 | ||
Забони расмӣ | тоҷикӣ | ||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.SU. | ||
Коди телефон | +992 3135 | ||
Нишонаи почта | 735610 | ||
Домени интернет | tj | ||
Коди мошинҳо | 02 TJ | ||
Ҷамоати Исфисор ба масоҳати васеъ тӯл кашида, дар он 7 деҳа ҷойгир шудааст, ба номи Максим Горкий, Маданият, Шӯхак, Фаровон, Гулистон ва Исфисор. Дар ҷамоат 2 хоҷагӣ ба номи А.Ҷумъаев ва ИИИ «Зироаткорӣ», 7 мактаб, 5 муассисаҳои томактаби, марказҳои саломатӣ, беморхона дорои 70 кат ва 15 нуқтаҳои савдо мавҷуд буда, ба шаҳрвандон хидмат мерасонанд. Ҷамоати деҳоти Исфисор 9 январи соли 1936 ташкил ёфтааст. Нуфуси аҳоли 37936 нафар буда, 6839 хоҷагиро ташкил медиҳад. Аксарияти аҳолиро ӯзбекон ташкил медиҳад. Ҷамоат яке аз мавзеъҳои шукуфони ноҳия аст ва бо мардуми меҳнатдӯст, ҷавонони қавиидора, модару духтарони босаводу оқилаи худ фахр мекунад. Исфисор зодгоҳи фарзанди фарзонаи миллат, нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад. Шӯҳрати ин диёр ва гиромидошти ин хок чун ному кори Бобоҷон Ғафуров барои ҳар фарди тоҷик мояи ифтихор аст. Исфисориён инчунин 4 нафар докторони илм, 17 нафар номзадҳои илм ва даҳҳо қаҳрамонони арсаи меҳнат, омӯзгорону духтурон, механизаторону кишоварзон ва меҳнаткашон фахр доранд. Дар ҷамоат 28 кумитаи маҳалла фаъолият доранд. Соҳаи асосии ҷамоат кишоварзӣ мебошад. Хоҷагии ба номи А.Ҷумъаев нақшаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро барзиёд иҷро намуда, яке аз пешсафони соҳа ба ҳисоб меравад. Хоҷагиро Раиси вилоят бо нишони ғолибият сарфароз гардонида, раиси хоҷагии мазкур А.Абдуманнонов барои ташкили кори самарабахш ва иҷрои нақшаҳои давлатӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба гирифтани ордени Шараф ноил гаштааст. Дар ҳудуди ҷамоат варзишгоҳ воқеъ буда, мардуми он ба варзиш рағбати зиёд доранд. Аҳолии ҷамоат дар маъракаҳои кабудизоркунӣ, таҷлили соли гулҳо, иҷрои дастуру супоришоти мақомоти болоӣ фаъолона ширкат меварзанд, баҳри ободии диёр, шукуфоии кишвар пойдорию густариши сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саъю кӯшиш доранд..[1]
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Сол | 2015[2] |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
39,6 |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.