From Wikipedia, the free encyclopedia
Дамир Воҳидович Дӯстмуҳаммадов (Тав.6 августи 1941, Тошканд, ҶШС Ӯзбекистон — 2003, Душанбе, Тоҷикистон) — оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати санъати ҶТ (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000).
Дамир Дӯстмуҳаммадов ҳанӯз дар синфи 4-ум ба ҳайси рубобнавоз дар Қирғизистон дар слёти пионерон иштирок намудааст. Соли 1959, пас аз итмоми мактаби миёна бо медали тило, Д. Дӯстмуҳаммадов бо тавсияи композиторон М. Цветаев ва Ю. Тер-Осипов ба шуъбаи назариявӣ-композитории Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе дохил мегардад. Дар омӯзишгоҳ Д. Дӯстмуҳаммадов таҳсилро дар синфи композитор Ёқуб Сабзанов, аз курси дуюм-назди композитор Ю. Тер-Осипов оғоз менамояд. Дере нагузашта Д. Дӯстмуҳаммадов нахустин сурудҳо — «Кабӯтари сафеди ман» ба шеъри Аминҷон Шукӯҳӣ (Лайло Шарипова иҷро намуд), «Мавҷи гул» ба шеъри Меҳмон Бахтӣ (Аҳмад Бобоқулов иҷро кард) ва "Хаёли ширин"ба шеъри Меҳмон Бахтӣ (Шоиста Муллоҷонова сароид) навишт ва онҳо зуд машҳур гардиданд. Ҳамчун кори дипломӣ ӯ достони симфонии «Тоҷикистон»-ро пешниҳод кард. Дипломи аъло, баъди хатми Омӯзишгоҳ барои Д.Дӯстмуҳаммадов дарҳои Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И.Чайковскиӣро боз намуд. Дар он ҷо, солҳои 1965—1970, дар шуъбаи композиторӣ дар синфи Вл. Г.Фере таълим мегирад. Аз байни асарҳое, ки овони таҳсил дар Москва эҷод шудаанд, метавон Квартети торӣ, Триои полифонӣ, Консерт барои виолочел ва оркестри симфониро номбар кард. Симфонияи дуюм, оркестри симфонии консерватория таҳти роҳбарии Вл. Федосеев иҷро намуд ва операи «Лаънаткардаи халқ», ки дар клавир пианинонавоз Лариса Астрахансева иҷро карда буд, асарҳои дипломӣ гардиданд. Дӯстмуҳаммадов аъзо ва раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (солҳои 1992-1998) буд.
Дар эҷодиёти ӯ операи "Лаънаткардаи халқ," либреттои М. Фарҳат (1973), «Қишлоқи тилоӣ», либреттои М.Миршакар ва Н. Исломов (1981), «Сарбози халқ,» либреттои С. Улуғзода (1984), якумин операи бачагонаи тоҷик "Хонаи Заргушбибӣ,"якумин кантатаи бачагона «Мактаби азиз» (шеъри Наримон Бақозада) дохил мешавад. Номи ин инсони аҷиб, композитори боистеъдод, ки барои мусиқии тоҷик ин қадар корҳои бузургро анҷом додааст, абадан дар қалби мардуми мо боқӣ хоҳад монд. Асарҳо барои театри мусиқӣ:
Асарҳои вокалӣ-симфонӣ ва хорӣ:
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.