Remove ads
From Wikipedia, the free encyclopedia
Генерали́ссимус (от лот. generalissimus — «калонтарин») — унвони олии ҳарбӣ дар қувваҳои мусаллаҳи чандин мамлакат. Генералиссимус ба сарлашкароне, ки вақти ҷанг ба якчанд артиш (маъмулан артишҳои иттифоқчиён) роҳбарӣ мекунанд, инчунин гоҳе ба намояндагони сулолаҳои шоҳӣ ва ё ходимони давлатӣ ҳамчун унвони фахрӣ дода мешуд.
Нахустин бор соли 1569 ин унвонро шоҳи Фаронса Карли IX ба бародари 18-солаи худ (баъдтар шоҳ Генрихи III) дод. Минбаъд дар асрҳои 16-18 унвони генералиссимусро дар Фаронса 4 нафар, дар Австрия 5 нафар, дар Олмон 1 нафар соҳиб шуданд. Дар Русия унвони генералиссимус аввалин бор насиби сардори артиш А. С. Шеин гашт (1696). Баъдтар дар Русия ба унвони генералиссимус княз А. Д. Меншиков (1727), шоҳзода А. У. Брауншвейтский (1740) ва лашкаркаши бузург А. В. Суворов (1799) соҳиб шуданд. Дар собиқ ИҶШС унвони генералиссимус ба И. В. Сталин (27.6.1945) дода шуд. Минбаъд Ф. Франко (Испания), Чан Кай Ши (Тайван), Ким Ир Сен (ҶХДК) унвони генералиссимус-ро гирифтанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.