Вироиш, виростан (аз паҳлавии virazis «виростан» – пешванди vi ба маънои дур аз ҳам ва ҷудо; ва razis – назму тартиб, яъне «перостан» ва «оростан»; арабии он – «таҳрир») — як матни навишториро аз лиҳози расмулхат, иншо, муҳтаво, забон, диққат, назм, оростагӣ, риъояти аломатҳои нигоришӣ, риъояти нуктаҳои дастурӣ ва имлоиву нигоришӣ, бозбинӣ, баррасӣ ва барои интишор омода кардан.
Решашиносӣ
«Вироиш» тасҳеҳ ва омодасозии матни навишторӣ барои интишор аст. Касеро ки навиштаи дигаронро тасҳеҳ, танзим ва барои интишор омода мекунад, «виростор» ва корашро «виросторӣ» мегӯянд. Матнеро ки вироиш шуда бошад, «вирост» мегӯянд. Ин истилоҳот аз феъли «виростан» сохта шудаанд ки дар порсии миёна низ «wirāstan» буда ва бо «оростан» ва «перостан» аз як реша аст. Он реша дар забони эронии бостон «*rād-» буда ба маънии «омода кардан, оростан, тартиб додан». «Оростан» ба маънии «ороиш кардан, ороиш додан» аз ҳамин реша бо афзудани пешванди «*ā-» сохта шуда (*ā- + *rāsta-), «перостан» ба маънии «костану кам кардан барои хубиву зебоӣ» бо афзудани пешванди «*pati-» (*pati- + *rāsta-) ва «виростан» бо афзудани пешванди феълии «*wi-» (*wi- + *rāsta-). Ин «*rāsta-» сифати мафъулӣ аз моддаи замони гузаштаи «*rāda-» аст, ки бо гузашти замон «rāy» гашта ва он вожаҳо низ «ārāy», «payrāy» ва «wirāy» гаштаанд ва «ороя», «пероя» ва «вироста» аз онҳо боз мондаанд. Яъне ин вожа дар забонамон беш аз 3 ҳазор сол боз ба кор меравад.
Кори вироиш
Дар ин кор, яъне як навишта аз ҷиҳатҳои гуногун тавассути виростор бозбинӣ мешавад ва ин бозбинии он вироиш ном дорад, ки ба анҷоми он матн эҳёи дубора ёфта, ба он тозагӣ дода мешавад. Виростор, пеш аз он ки ба ин шуғл пардозад, бояд як нависандаи моҳир бошад ва он гоҳ бояд дар фанни вироиш маҳорат дошта бошад. То он ки кори виросторро беҳтар дарк кард, метавон ӯро ба ороишгар нисбат дод, ки як матни хоми дастнавис мисли як мӯ мемонад ва онро ба беҳтарин ҳолати мумкин ороста мекунад.
Виростор ҳатман дар тамоми заминаҳо иттилоъоти ҷомеъ ва комиле дошта бошад. Усули вироиш аз перостани навишта аз норасоиҳову хатоҳои илмӣ ё забонӣ ва танзими мабоҳиси он бар пояи мантиқи қавӣ ва ислоҳи хатоҳои вожагонию дастурӣ бар асоси меъёрҳои забон ва дар ташхиси дуруст аз нодуруст иборат аст, ба тавре ки навишта пас аз вироиш ҳич гуна хатои илмӣ ё забонӣ ва ҳич гуна беназмиву ошуфтагиву норасоӣ надошта бошад ва ҳич нуктае, ки хилофи меъёрҳои пазируфташудаи он забон аст, дар он мушоҳада нашавад.
Дар вироиш усулан риъояи чунин принсипҳо ҳатмист: тасҳеҳи саҳву иштибоҳот, ки аз муаллифи матн сар задааст; ба таври возеҳу дақиқ тасвият кардани матн; санҷидани рақамҳову далелҳои маводд ва поккории дастхатт аз ғалатҳо; бартараф кардани ҳар гуна носуфтагиву муғлақии забони мантиқи навиштор; матни аслро ба таври фаннӣ такмил кардан.
Навъҳои вироиш
Вироишро метавон ба се навъ — фаннӣ, забонӣ ва муҳтавоӣ тақсимбандӣ кард.
- Ба вироиши фаннӣ дурустнависии вожаҳо, риояти якмаромии расмулхат дар матн, аломатгузорӣ, танзими ҷадвалҳо (диаграммаҳо), нақшаҳо (тасвирҳо, танзими зернавишт), пайнавишт ё замима, бахшбандӣ ва фаслбандии китоб, ихтисораҳо, ададнависӣ ва формуланависӣ, сарсафҳа ва зерсафҳа, танзими феҳристи матолиб, танзими феҳристи маъхаз ё китобнома ва мутобиқати он бо дохили матн ва амсоли ин дохил мешавад.
- Вироиши забонӣ ё адабӣ шомили истифода аз вожаву иборатҳои муносиб, танзими истилоҳот, ислоҳи ҷумлаҳо тибқи меъёрҳои дастури забон, таваҷҷуҳ ба расоӣ ва шевоии ҷумлаҳо, рафъи носозгориҳои маъноиву мантиқии ҷумлаҳо, таваҷҷуҳ ба асосу замони феълҳо, истифода аз ҷумлаҳои кӯтоҳ, барчидани ҳар ҳашв ва ғайра аст.
- Вироиши муҳтавоӣ пешрафтатарин навъи вироиш мебошад. Дар он виростор ба ҳавзаи тахассусӣ ва илмии вироиши матн ворид мешавад; рафъи носозгориҳои илмию муҳтавоӣ дар кулли асар аз аслитарин корҳои ӯ ба шумор меравад.
Виростори хуб дар айни ҳол нависандаи хубест, ки ба навишта таровати тоза мебахшад. Ӯ бояд ҳатман аз фанни вироиш огоҳ ва аз мутолиоти густарда бахурдор бошад.
Дар кори нашр
Вироиш дар кори нашр маънои афзудан ё костани матолиб (Editing-и инглисӣ), ё тасҳеҳи матнҳоест, ки барои чопу нашр омода мешавад. Аз ин рӯ, агар дар матни китоб тағйирҳое рух диҳад ва матолиби ҷадид бар он афзуда ва ё коста шавад, барои мушаххас кардани он чоп иборатҳои «вироиши дуюм», «вироиши сеюм»... ба кор меравад. Вироиш яке аз ҳассостарин марҳалаҳои чопу нашри як китоб аст. Виростор, аз ин самт, бояд аз нигоҳи хонандагон китобро вироиш кунад; ҷумлаҳои сангинро сабук кунад ва бибинад, ки оё хонанда (албатта, хонандаи ошно бо баҳси муҳтавои матн) оё метавонад ба роҳатӣ онҳоро бифаҳмад ё на. Агар дар ин масир муваффақ шуда бошад ва матни мавриди назар аз диди нигоришӣ чунон тағйир ёфта бошад, ки хонандаи огоҳ ҳар матлаб аз онро бо як бор хондан бифаҳмад ва маҷбур набошад, баъд аз хондаи ҳар матлаб ба ибтидои он баргард, виростории хубе иҷро шудааст. Яъне виростор бояд барои ҳар тағйире, ки анҷом медиҳад, далеле мантиқӣ, мустанад ва муътабар дошта бошад. Аз ин рӯ, виростори хуб дар айни ҳол адиби хубест, ки ба навишта таровати тоза мебахшад. Ӯ бояд ҳатман аз фанни вироиш огоҳ ва аз мутолиоти густурда бахурдор бошад. Дар урфи адабиёту рӯзноманигории муосир вироиш (еdit) ба тамомии корҳои марбут ба костан, афзудан, ҷобаҷокардан, ғалатгирифтан ва гунҷонидани иттилооти лозим гуфта мешавад.
Корбурдҳои дигар
Вироиш танҳо барои матн корбурд надорад, балки дар филм, мусиқӣ ва ҳатто акс ҳам истифода мешавад. Вуҷуди виростор барои матнҳои тарҷума ҳам илзомӣ аст, яъне ҳар мутарҷиме ниёз ба виростор дорад.
Эзоҳ
Сарчашма
Wikiwand in your browser!
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.