From Wikipedia, the free encyclopedia
Виннитса (укр. Ві́нниця) — шаҳр, маркази маъмурии вилояти Виннитса (аз соли 1931), маркази иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар қисми Ғарби Ҷумҳурии Укройн. Дар соҳили рӯди Буги Ҷанубӣ, дар ҳамвории байни пастии Приднепровск ва Подолск воқеъ аст. Масоҳат — 113,2 км². Аҳолӣ — 372 432 (2015)
Маҳалли аҳолинишин | |||||
укр. Вінниця | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Serhiy Morhunov[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1363 | ||||
Аввалин номбарӣ | 1355 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 248 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+02:00 ва UTC+03:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 0432 | ||||
Нишонаи почта | 21001–21499 | ||||
vmr.gov.ua(укр.) vmr.gov.ua/en(англ.) |
|||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аз асри 10 дар ҳудуди В. бошишгоҳҳои қабилаҳои славянии тиверсҳо ва уличҳо зиндагӣ мекарданд. Аз соли 1363 ҳамчун қалъаи Литва маълум аст. Соли 1558 дар он қалъаи нав сохта шуд. Аз соли 1569 дар ҳайати Полша. Аз соли 1793 дар ҳайати Русия (аз соли 1795 — шаҳр). Иқтисодиёти шаҳр аз соли 1881 баъди аз ҳудуди он гузаронидани хатти р. о. рӯ ба тараққӣ ниҳод. Аз соли 1914 маркази губернияи Подолск. Аз соли 1918 дар ҳайати ҶШС Укройн.
Дар Винитса саноати мошинасозӣ, кимиё ва хӯрокворӣ тараққӣ кардааст. Бузургтарин фабрикаи харитасозии Укройн дар В. воқеъ аст.
Аз ёдгориҳои таърихию меъморӣ маҷмӯаи таърихию меъмории «Мурҳо» бо дайри иезуитҳо (аввали асри 17), дайрҳои доминиканҳо, капутсинҳо, калисоҳои чӯбини православии Юрев, Николаев, калисои ҷомеи Приобреженский (асри 18) боқӣ мондаанд. Донишгоҳҳои техникӣ, педагогӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, осорхонаҳои кишваршиносӣ ва адабии хотираи М. М. Катсюбинский, театрҳои мусиқию драмаӣ, лухтак, филармония дорад. Дар наздикии Виниитса осорхонаи Н. И. Пирогов мавҷуд аст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.