From Wikipedia, the free encyclopedia
Валтер Шил ё Уолтер Шейл ( олмонӣ: Walter Scheel ; 8 июли соли 1919, Солинген, Рейни Шимолӣ — Вестфалия - 24 августи 2016, Бад Кротзинген, Баден-Вюртемберг, Олмон ) - сиёсатмадори олмонӣ, аз соли 1974 то соли 1979 вазифаи Президенти федеролии Олмонро бар ӯҳда дошт.
олмонӣ: Walter Scheel | |
1 июл 1974 — 30 июн 1979 | |
Пешгузашта | Густов Ҳойнимон |
Ҷонишин | Карл Карстенс |
21 октябр 1969 — 16 май 1974 | |
Пешгузашта | Уилли Брандт |
Ҷонишин | Hans-Dietrich Genscher[d] |
21 октябр 1969 — 15 май 1974 | |
Пешгузашта | Уилли Брандт |
Ҷонишин | Hans-Dietrich Genscher[d] |
1 июл 1956 — 20 ноябр 1961 | |
6 октябр 1953 — 6 октябр 1957 | |
1950 — 1954 | |
14 ноябр 1961 — 28 октябр 1966 | |
Ҷонишин | Werner Dollinger[d] |
7 май 1974 — 16 май 1974 | |
Пешгузашта | Уилли Брандт |
Ҷонишин | Helmut Schmidt[d] |
15 октябр 1957 — 15 октябр 1961 | |
17 октябр 1961 — 17 октябр 1965 | |
19 октябр 1965 — 19 октябр 1969 | |
20 октябр 1969 — 22 сентябр 1972 | |
13 декабр 1972 — 27 июн 1974 | |
Таваллуд |
8 июл 1919[1][2][3][…] |
Даргузашт |
24 август 2016[2][3][4][…] (97 сол) |
Мадфан | |
Ҳамсар | Mildred Scheel[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Фаъолият | сиёсат[6] |
Эътиқод | Protestant Church in Germany[d] |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Навъи артиш | Luftwaffe[d] |
Рутба | Таҳмбон |
Набардҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Шил соли 1919 дар Солинген, Рейни Шимолӣ — Вестфалия таваллуд шудааст. Дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ӯ дар Luftwaffe (қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Олмини фашистӣ) хидмат кардааст, адютант ва радисти ҳавонаварди машҳури давраи ҷанг Мартин Древс [7] буд. Баъди ҷанг ба сафи Ҳизби озоди демократии Олмон дохил шуд.
Аз соли 1950- Узви ландтаги Рейни Шимолӣ — Вестфалия. Соли 1953 вай ба Бундестаг интихоб шуд, ки аз соли 1967 то соли 1969 дар он буд. солхо вазифаи ноиби президентро ишғол менамуд. Аз соли 1958 то соли 1961 узви Парлумони Аврупо буд. Аз соли 1961 тосоли 1966 Вазири федеролии рушди иқтисодиёт буд. Соли 1968 дар анҷумани ФДР дар Фрайбург раиси ҳизб интихоб мешавад.
Аз 21 октябри соли 1969 то 16 майи соли 1974 дар хукумати коалитсионии ҲСЛО ва ФДП (хукумати Брандт-Шил) ҷонишини кантслер ва вазири корҳои хориҷӣ буд.
Соли 1971 аввалин вазири корҳои хориҷии Олмон гардид ва ба Исроил сафари расмӣ кард. Худи ҳамон сол ба ӯ ҷоизаи Теодор Ҳойсс дода шуд.
Соли 1972 ба Пекин бо мақсади созиш дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатии байни Олмон ва Хитой сафар кард.
Шил дар имзои созишномаи соли 1970 байни Ҷумҳурии Федеролии Олмон (1949—1990) ва ИҶШС дар бораи эътирофи сарҳадҳои баъдиҷангӣ дар Аврупо, ки оғози як қатор созишномаҳои байни Олмон ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ буд, иштирок кард [8].
Баъди истеъфои Уилли Брандт 7 май соли 1974 Шил муваққатан вазифаи кантслерро гирифт. Пас аз нӯҳ рӯз (16 май) ӯро Ҳелмут Шмидт иваз кард.
Вай 15 май соли 1974 Президенти федеролии Олмон интихоб шуд ва то 30 июни соли 1979 дар ин вазифа буд. Соли 1975 ӯ ба ИҶШС Фаронса, ИМА ва Испониё сафари давлатй кард. Дар соли 1976 вай имзо кардани «Қонун дар бораи бекор кардани имтиҳони озод кардан аз хидмати харбӣ» бо сабаби виҷдонро рад кард.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.