From Wikipedia, the free encyclopedia
Бонн (олмонӣ: Bonn) — шаҳр дар Олмон, дар замини Райн-Вестфалияи Шимолӣ, дар соҳили рӯди Рейн. Аҳолиаш — 324 899 нафар (2010; бо аҳолии шаҳрҳои Кёлн ва Леверкузен зиёда аз 3 млн нафар).
Маҳалли аҳолинишин | |||||
олмонӣ: Bonn | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Katja Dörner[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Масоҳат | |||||
Баландии марказ | 60 ± 1 м | ||||
Навъи иқлим | Иқлими уқёнусӣ | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+1[d] ва UTC+02:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 0228 | ||||
Нишонаи почта | 53111–53229 | ||||
Коди мошин | BN | ||||
bonn.de(олмонӣ) international.bonn.de(англ.) |
|||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Маркази нақлиётӣ, дар ҳайати системаи р. о.-и баландсуръати умумиаврупоӣ аст. Бандари дарёӣ ва аэропорти байналмилалӣ дорад.
Дар асри 1 то м. дар ҷойи истеҳкоми ҳарбии легионерони румӣ (Кастра Боннезия) бунёд шудааст. Аз соли 1244 шаҳр. Аз соли 1815 дар ҳайати ПРусия. Солҳои 1949-91 пойтахти ҶФО буд. Бонн маркази маъмурию сиёсии муҳим аст. Баъди ба Берлин кӯчидани пойтахти Олмони муттаҳидшуда дар Бонн як қатор вазоратҳо ва дигар мақомоти олии федералӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, консулгарии бисёр давлатҳо, намояндагиҳои ВАО боқӣ монданд.
Дар Бонн корхонаҳои нассоҷӣ, электротехникӣ, фабрикаҳои истеҳсоли мебел барои идораҳо, маводди канселярӣ ва дастгоҳҳои табъу нашр фаъолият доранд. Соли 1990 Маркази илмӣ-таҳқиқотии аврупоии пешқадами «Сезар» таъсис ёфт. Дар Бонн хидматрасонии молиявӣ ва суғуртавӣ васеъ ривоҷ ёфтааст. Сайёҳӣ низ тараққӣ кардааст. Дар Бонн донишгоҳ (1777), академияи педагогӣ, қариб 20 Институти таҳқиқоти илмӣ, театрҳо, толорҳои консерт, консерватория, осорхонаи бадеии академӣ дар назди донишгоҳ, осорхонаи бостоншиносӣ, таърихи дақиқ, Осорхонаи инфиродии Людвиг ван Бетховен (дар Бонн таваллуд шудааст) ва боғи ботаникӣ мавҷуд аст. Аз ёдгорҳои меъморӣ Калисои ҷомеи романии Санкт-Кассиус-унд-Флоренсиус (асрҳои 12-13), Калисои готии Санкт-Ремигиус (асрҳои 13-14) боқӣ мондаанд. Бонн ҷойи баргузории конгрессҳо, анҷуманҳо, намоишгоҳҳои байналмилалӣ аст. Дар Бонн фестивалҳои байналмилалии санъати театрӣ, фестивали мусиқии Бетховен ва фестивали филмҳои беовоз баргузор мешаванд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.