From Wikipedia, the free encyclopedia
«Бобурнома» (ар. بابرنامه) — асари Заҳируддин Муҳаммад Бобур буда, воқеаҳои солҳои 1493-1529-ро, ки дар манотиқи мухталифи Мовароуннаҳр, Хуросон ва Ҳинд рух додаанд, фаро мегирад.
Унвони мақола | بابر نامہ |
---|---|
Мавзӯъи аслӣ | Бобур |
Жанр | тарҷумаи ҳол[d] |
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) | Babur Nama[d] ва The Babur-nama in English (Memoirs of Babur)[d] |
Нависанда | Бобур |
Кишвари созанда | |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | чағатоӣ ва форсӣ |
Таърихи интишор | асри XVI |
Парвандаҳо дар Викианбор |
«Бобурнома» бо забони туркии чағатоӣ ва услуби ёддоштнигории таърихӣ дар Ҳинд навишта шуда, инчунин мадорики арзишманди ҷуғрофиёӣ, табиатшиносӣ, мардумшиносӣ, тиб, адабиёт, ҳунар ва умури низомии сарзаминҳои зикршударо низ дар бар мегирад. Бобур баъди он ки ӯзбекҳо Мовароуннаҳрро тасарруф намуданд (1501), аз Самарқанд ба вил-ҳои мухталифи Мовароуннаҳру Хуросон паноҳ ҷуст ва ҳангоми оворагиҳо дар манотиқи кӯҳистон ва роҳҳои мушкилгузари Мовароуннаҳру Хуросон маводди бисёреро роҷеъ ба таърих, шахсиятҳои таърихӣ, фарҳанг, иқтисод, ҷуғрофиё, ҳайвоноту набототи навоҳии Мовароуннаҳр, Хуросон ва Ҳинд гирд оварда, онҳоро дар асараш «Бобурнома» дарҷ кард.
«Бобурнома» аз се қисм иборат аст. Дар қисми аввали он воқеаҳои сиёсии Фарғона, ки Бобур он замон ҳокими ин вилоят буд, инчунин таърихи диг. ҳокимони Мовароуннаҳр (1493-94-1509), аз ҷумла воқеаҳои солҳои 1494—1503, яъне замони ҳузури Бобур дар Фарғона бо баёни мухтасари ҷуғрофиёи Фарғона ва Мовароуннаҳр, шарҳи ҳоли Умаршайх (падари Бобур), Султон Аҳмадмирзо (ҳокими Самарқанд дар солҳои 1493—1494 ва 1494—1495, Бойсунқурмирзо, (ҳокими Бухоро, баъдтар Самарқанду Ҳисор), писари Султон Маҳмудмирзо зикр шудаанд. Қисми дуюми «Бобурнома» воқеаҳои сиёсии Кобул, аз ҷумла омадани Бобур ба Кобул ва Ҳирот, тавсифи ҷуғрофиёи вил. Кобул, Лағмон ва Ғазнинро фаро мегирад. Бобур дар ин бахши асари хеш қисман ҳаводиси рухдода дар давлати Султон Ҳусайн Бойқаро (ҳокими Ҳирот дар солҳои 1470—1506)-ро тасвир карда, инчунин роҷеъ ба давлати Исмоили Сафавӣ (1524) низ иттилоъ додааст. Қисмати сеюми «Бобурнома» ба ҳодисаҳое, ки дар шим. Ҳинд аз соли 1519 то соли 1529 ба вуқӯъ пайвастанд, бахшида шудааст. «Бобурнома» ба забонҳои гуногун, аз ҷумла соли 1531 аз ҷониби шайх Зайнуддини Хаофӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ, соли 1857 дар Қазон аз ҷониби туркшиноси рус Н. Илинский ба забони русӣ, соли 1905 дар Лондон ба англисӣ ва соли 1958 дар Тошканд аз ҷониби М. Сале ба русӣ тарҷума шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.