Белгород
шаҳр дар Русия From Wikipedia, the free encyclopedia
шаҳр дар Русия From Wikipedia, the free encyclopedia
Белгород (русӣ: Белгород) — шаҳр дар Русия, маркази вилояти Белгород. Дар қисми ҷанубии баландии Руси Миёна, дар соҳили рости дарёи Северский Донеск ва шохоби он – дарёи Везелка ҷой гирифтааст. Маркази роҳи оҳан: Маскав–Харков (Украина), Брянск–Купянск (Украина), шоҳроҳи автомобилии Маскав–Симферопол (Украина) дорад. Аҳолиаш 356,4 ҳазор нафар (2010). Аэропорти байналмилалӣ дорад. Дар сарчашмаҳо Белгороди бори нахуст дар соли 1237 зикр гардидааст.
Маҳалли аҳолинишин | |||||
русӣ: Белгород | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Valentin Demidov[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1596 | ||||
Аввалин номбарӣ | 1596 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 130 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+03:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 4722 | ||||
Нишонаи почта | 308000–309000 | ||||
beladm.ru(рус.) | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аз соли 1596 шаҳр. Аз садаи XV минтақаи сарҳаддии давлати Рус буд. Аз соли 1708 дар ҳайати губернатории Киев, аз соли 1779 шаҳри марказии уезди волигии Курск ва аз соли 1796 дар ҳайати губернияи Курск қарор дошт. Соли 1785, баъди ба Русия ҳамроҳ шудани Қрим ва Новороссия, аз рӯйхатти қалъаҳои ҷанубии канорӣ бароварда шуд. Солҳои ҶБВ (1941–45) Белгород аз тарафи лашкариёни олмонӣ истило ва қариб пурра хароб гардид. Тобистони 1943 озод шуд. Аз соли 1954 – маркази маъмурии вилояти Белгород.
Белгороди муосир маркази саноати гуногунсоҳа буда, дар он мошинсозӣ (заводи мошинсозии энергетикӣ), истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ (семент, маҳсулоти сементию асбестӣ), дӯзандагӣ, хӯрокворӣ (заводи ҷавҳари лиму) тараққӣ кардааст. Дар Белгород Донишгоҳ, Академияи кишоварзӣ, Академияи технологияи масолеҳи бинокорӣ, филиали Иттиҳодияҳои умумииттифоқӣ мавҷуданд. Белгороди маркази корҳои таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ оид ба азхуд кардани Аномалияи магнитии Курск (АМК) буда, дар он институтҳои таҳқиқоти илмӣ ва лоиҳакашӣ, ки бо масъалаҳои АМК машғуланд, фаъолият доранд. Дар Белгороди осорхонаи бадеии вилоятӣ, осорхонаи кишваршиносӣ, осорхонаи диорамаи «Муҳорибаи Курск», театрҳои драмавӣ ва лӯхтак мавҷуданд. Аз ёдгориҳои меъморӣ қалъаи Покровский (1711), Калисои ҷомеи Смоленск (тақрибан соли 1725 таҷдид гардид), Калисои ҷомеи Спасо-Преображенский (1820), Калисои Архистратиг Михаил (1844), Калисои Успенск-Николаевский (1709) маҳфуз мондаанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.