Артерия (аз юн. ἀρτηρία — нигоҳ доштан), шараён, сурхраг — рагҳое, ки аз дил сар шуда, хунро ба ҳамаи узву бофтаҳо мебаранд.

Thumb
Системи шараёнии инсон

Системаи шараёнӣ

Системаи шараёнӣ аз сурхраги шуш, аорта ва рагчаҳои хурдтарини хунгард (артериолаҳо) иборат аст. Рагчаҳои сурхраг ба ҳам пайваст шуда, анастомозҳо (рагҳое, ки ҳангоми дар сурхраги асосӣ қатъ гардидани ҳаракати хун узвҳоро аз хун таъмин менамоянд)-ро ҳосил мекунанд. Рагҳое, ки анастомоз надоранд, рагҳои интиҳоӣ номида мешаванд. Сурхраг найчаи хеле чандир буда, девораҳои он се қабат дорад: қабати беруна (адвентитсия), ки онро бофтаи пайвандӣ меноманд; қабати миёна (медиа), ки аз торҳои мушаки суфта ва бофтаи чандир таркиб ёфтааст; қабати дарунӣ (интима), ки аз ҳуҷайраҳои эпителиявии дар қабати пайвандӣ хобида ҳосил шудааст. Бинобар чандир буданаш девораҳои сурхраг ба фишори сахте, ки аз кашиш хӯрдани дил пайдо мешавад, тоб меоварад. Ҳангоми ламс кардани банди даст заработи (таппиш) сурхрагро метавон эҳсос намуд, ки онро набз меноманд.

Бемориҳои сурхраг

Эзоҳ

Адабиёт

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.