асбоб барои қабули радиомавҷҳо From Wikipedia, the free encyclopedia
Анте́нна (лотинӣ antenna — мӯйлаби ҳашарот, мавҷгир) — таҷҳизотест (одатан якҷоя бо радиоирсолкунанда ё радиоқабулкунанда) барои афканиш ва (ё) қабули радиомавҷҳо.
Антенна тағйирдиҳандаи ҷараёни электрикии ҳудуди радиобасомад ба афканишоти электромагнитӣ ва баръакс мебошад. Шакл, андоза ва сохти антеннаҳо гуногун буда, ба дарозии мавҷҳои ирсолкунандаю қабулкунанда ва таъйиноти антенна вобаста аст. Антенна дар шакли порчаи сими металлӣ, инчунин порчаҳои ба ҳам пайвастшуда, карнайҳои металлӣ, оинаҳои металии инъикоскунандаи сохташон гуногун, мавҷбарҳо бо девораҳои металлӣ, ки дар онҳо сӯрохиҳо бурида шудаанд, истифода мегарданд. Ҳар як Антенна ҳамчун афзори хаттии ғайрифаъол бо реҷаи ирсол кардан ва қабули мавҷ кор карда метавонад. Дар ҳар ду реҷа Антенна бо хусусиятҳои самтгирӣ, қутбнокӣ, фазавӣ ва импеданси даромад (муқовимати электрикие, ки системаи акустикӣ барои қувватдиҳанда пешниҳод мекунад) тавсиф дода мешавад.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.