Ани (арманӣ. Անի; юн. Ἄνιον) — арк дар Арманистон, арки асри миёнаи Арманистон. Дар соҳили рости дарёи Аҳурян (ҳудуди ҳозор Туркия) воқеъ аст. Аниҳои 5 – 8 мулки князии Камсараканҳо ва баъдтар Багратиониён буд ва дар аҳди онҳо пойтахти подшоҳии Ани шуд (аз соли 961). Ани асрҳои 10 – 13 ба маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании Арманистон табдил ёфт. Соли 1045 Византия, соли 1064 Салчуқиён Аниро истило ва хароб намуданд. Охири садаи XII ва аввали садаи XIII Ани барқарор карда шуд. Соли 1236 онро муғулҳо забт ва хароб намуданд. Дар садаи XVI чун деҳа зикр мешавад. Соли 1878 ба Русия ҳамроҳ гардид ва баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба ихтиёри Туркия гузашт. Харобаҳои Ани гувоҳӣ медиҳанд, ки ин ҷо яке аз марказҳои намоёни санъати меъмории арман дар асрҳои 10 – 14 будааст. Дар Ани вайронаҳои қаср, меҳмонхона, маъбад, масҷид, ҳайкалҳо ёфт шуданд.

Эзоҳ

Сарчашма

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.