From Wikipedia, the free encyclopedia
Англисон (Англисҳо), (Инглисҳо) (Инглисон) (англисӣ: English people) — миллат, аҳолии асосии Англия, ва 45 265 093 нафарро ташкил мекунанд[1]. Дар Ирландия, мулкҳои тобеъи Англия ва баъзе аз дигар кишварҳои тобеъи Бритониёи Кабир сокинанд. Ба забони англисӣ гуфтугӯ мекунанд. Аксари диндорон масеҳиянд.
Номи қавмии ҳозира | англ. English people |
---|---|
Сукунат | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Инглисҳо (Англисҳо) — халқест, ки дар ҳолати омехташавии қабилаҳои гуногуни олмонӣ (германӣ) пайдо шудаанд. Яке аз қадимтарин сокинони ҷазираҳои Британия, қабилаҳои келтҳо (бриттҳо ва дигарон) буданд. Онҳо дар ин ҷазира тақрибан дар нимаи I-уми ҳазорсолаи пеш аз милод, вуҷуди худро пай намудаанд, ки аз минтақаи Авруосиё гузашта дар инҷо сукунати худро давом доданд. Аҷдодони асосиашон қабилаҳои олмонӣ — англҳо, саксҳо ва ютҳо, ки дар асрҳои V—VI п.м. ба ҳамин ҷо кучиданд ба ҳисоб мераванд.
90% англисҳо дар шаҳр зиндагӣ мекунанд. Оилаҳои бе фарзанд бисёр доранд.
Ду намуди хоҷагии деҳот доранд — яке деҳаҳое ки дар шарқ ҷойгир шудаанд ва хоҷагиҳои деҳқоние (фермаҳое) ки дар ғарб нишаст доранд. Боми хонаҳояшон одатан баланд аст ва сохти ду нишебаро дорад. Аксарияти бомҳоро бо череписа ва каме бо шифер мепушонанд. Хонаҳои қадим — бо ранги сурх аз санг ва плитаҳои оҳаксанг ва хонаҳои имрӯзаро аз хишти пухта месозанд.
Таомҳои милии инглисҳо (англисҳо), ростбиф, бифштекс, бекон ва дигар таомҳое, ки аз моҳи пухта мешаванд, иборат аст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.