Кобадшиносӣ, анато́мия (аз юн. ἀνα- «аз сар; аз боло» + τέμνω «мебурам, чок мекунам») — илмест дар бораи шакл ва сохти узвҳои алоҳида, система ва организми том; як қисмати морфология.
Анатомияи одам
Анатомия ба анатомияи ҳайвонот ва анатомияи рустанӣ ҷудо мешавад. Бисёр вақт анатомия гуфта, анатомияи одамро дар назар доранд. Анатомияи одам аз ҷумлаи фанҳои асосии тибби назарӣ ва амалист.
Таърих
Маълумоти нахустин роҷеъ ба анатомияи одам дар асарҳои олимони қадим Арасту, Буқрот, Закариёи Розӣ, Абуалии Сино, Ибни Рушд ва дигарон мавҷуданд. Равнақи натомия дар Шарқ бештар ба фаъолияти эҷодии Абуалии Сино вобаста аст. Асарҳои безаволи ӯ оид ба анатомияи одам солҳои зиёд сарчашмаи асосии маълумоти ин соҳа буданд. Дар «Қонуни тиб»-и Шайхурраис дар робита ба анатомияи одам мавзӯъҳои ҷолиб ҷой дода шудаанд.
Омӯзиш
Омӯзиши анатомияи организми одам аз тавсифи муттасилу дақиқи намуди берунӣ ва сохти дарунии узвҳо дар ҳолати мӯътадилӣ иборат аст. Барои осон гардондани омӯзиши сохти бадан узвҳоро мувофиқи сохт, амал ва инкишоф муттаҳид намуда, дар бораи онҳо маълумот медиҳанд (анатомияи таснифӣ).
Фаслҳои анатомия
Анатомия ба чунин фаслҳо тақсим мешавад:
- остеология — таълимот оид ба устухонҳо;
- артросиндесмология — таълимот оид ба банди устухонҳо (аз он ҷумла оид ба буғумҳо ва пайвандҳо);
- миология — таълимот оид ба мушакҳо;
- спланхнология — таълимот оид ба узвҳои дарун (нафаскашӣ, ҳозима, ихроҷ, таносул);
- ангиология — таълимот оид ба системаи рагҳои хун ва лимфа;
- неврология — таълимот оид ба системаи асабҳои марказӣ ва канорӣ;
- эндокринология — таълимот оид ба ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ;
- эстезиология — таълимот оид ба узвҳои эҳсос.
Он боби анатомияро, ки тағйироти шакл ва сохти узвҳоро роҷеъ ба ҳар гуна давраҳои ҳаёти одам меомӯзад, анатомияи синну сол меноманд (ба ин фасл анатомияи кӯдак ҳам дохил мешавад).
Анатомияи пластикӣ (тармимӣ) таълимот оид ба сохти берунии бадан ва таносубҳои он буда, аҳамияти калони амалӣ дорад.
Донистани ин фасли анатомия на фақат ба рассомон ва ҳайкалтарошон, балки ба ихтироъкорони либосу пойафзор низ лозим аст. Инчунин анатомияи топогрофӣ (таълимот оид ба ҷойгирии узвҳо, бофтаҳо, рагҳо ва асабҳо дар ин ё он қисми бадан) барои тибби амалӣ, хусусан барои ҷарроҳӣ аҳамияти калон дорад. Омӯхтани сохт ва шакли организм вобаста ба кори системаю узвҳои алоҳида вазифаи анатомияи функсионалӣ аст. Таълимот роҷеъ ба сохти хурдтарини узвҳою бофтаҳоро гистология меноманд. Анатомияи эътилолӣ (таълимот оид ба шакл ва сохти узвҳою бофтаҳои иллатнок) аз анатомия чун илми мустақил ҷудо шудааст. Анатомия усулҳои гуногуни тадқиқот (аз ташреҳи муқаррарӣ бо ёрии нештар ё пинсет то методи микроскопияи электронӣ, рентгенография ва ғайра)-ро истифода мебарад.
Омӯзиши анатомия дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон анатомия бо таъсиси кафедраи анатомияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1939) ташаккул ёфт. Феълан оид ба соҳаҳои мухталифи анатомия дар кафедраҳои анатомияи ДДТТ, ДМТ, ДДОТ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва ғ. пажӯҳиш анҷом медиҳанд. Олимони соҳа дар ҷумҳурӣ ба ҳалли проблемаҳои таъсири омилҳои гуногуни муҳит ба сохт ва шакли бофтаю узвҳои бадан ҳангоми бемориҳои аъзои ҳозима, ҷигар, дилу рагҳо, лимфа ва ғ. дар шароити кӯҳистон, хусусиятҳои маҷрои хуну лимфа дар мавриди ҷарроҳии тухмдон, бачадон, меъда, масона, пӯст, ҷигар, ғӯзаи чашм, шуш, шикампарда ва ғ. машғул мебошанд. Дар ривоҷи анатомия дар Тоҷикистон саҳми олимон Я. А. Раҳимов, А. Е. Этинген, Ф. А. Абдураҳмонов, М. У. Усмонов, М. Каримов, С. С. Қурбонов, М. М. Мамадқулова ва дигарон калон аст.
Анатомияи муқоисавии ҳайвонот
Анатомияи муқоисавии ҳайвонот, як фасли морфологияи ҳайвонот. Анатомияи муқоисавии ҳайвонот сохти бадан, узвҳо, шабоҳати морфологӣ ва пайдоиши ҳайвонотро омӯхта, вобаста ба вазифаашон сохти узвҳоро муқоиса мекунад, тарзи ба шароити сукунат мутобиқ шудан, пайдоиш ва таҳаввулоти онҳоро ошкор месозад. Анатомияи муқоисавии ҳайвонот ба узвшиносӣ, архитектоника ва морфологияи таҳаввулотӣ ҷудо мешавад.
Асосгузори анатомияи муқоисавии ҳайвонот Арасту мебошад. Доир ба анатомияи муқоисавии ҳайвонот то садаи XVIII фақат баъзе тадқиқот гузаронда шуда буданд (олимони италиявӣ Леонардо да Винчи, Ф. Реди, табиатшиносони франсавӣ Л. Добантон, П. Белон ва дигарон). Дар садаи XIX зоологи франсавӣ Ж. Кюве сохти баъзе ҳайвонотро муфассал омӯхта, натиҷаҳои оид ба сохти ҳайвоноти ҳозира ва ниҳоят қадим ба даст омадаро дар «Лексияҳо оид ба анатомияи муқоисавӣ» (ҷ. 1-5; 1800—1805) ном асараш ҷамъбаст кард. Дар инкишофи анатомияи муқоисавии ҳайвонот олими дигари франсавӣ Э. Жоффруа Сент-Илер низ саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ оид ба ягона будани сохти ҳайвонот, ки зери таъсири муҳит тағйир ёфтааст, фикр ронда, таълимоти гомология (монандӣ)-и узвҳоро ба вуҷуд овард. Дар инкишофи минбаъдаи Аанатомияи муқоисавии ҳайвонот биологҳои франсавӣ П. Латрейл, М. Савини, А. Милн-Эдвардс, олимони немис И. Мюллер, И. Миккел, К. Карус, олими англис Р. Оуэн, биологҳои рус А. О. Ковалевский, И. И. Мечников, В. В. Заленский, К. Н. Давидов ва дигарон ҳиссаи калон гузоштанд. Шарҳи таърихӣ ё қиёсӣ-анатомии ташаккули ҷонварон, ошкор кардани пайдоиш ва роҳҳои таҳаввулоти гурӯҳҳои ҳайвонот, тартиб додани таснифоти табиии олами ҳайвонот ва муқаррар кардани қонуниятҳои морфологии таҳаввулот масъалаҳои асосии омӯзиши анатомияи муқоисавии ҳайвонот мебошанд. Анатомияи муқоисавии ҳайвонот аз комёбиҳои анатомия, эмбриология ва палеонтология фаровон истифода мебарад. Хусусан байни анатомияи муқоисавии ҳайвонот, филогения ва систематикаи ҳайвонот робитаи ногусустанӣ вуҷуд дорад; бисёр масъалаҳои онҳо умумист.
Оид ба анатомияи муқоисавии ҳайвонот дар Институти чорводории АИКТ, кафедраи чорводории ДАТ ва кафедраҳои зоологияи ДМТ ва ДДОТ пажӯҳишҳо анҷом медиҳанд.
Анатомияи рустанӣ
Анатомияи рустанӣ, як фасли ботаника, ки сохти дарунии бофтаҳои рустанӣ, пайдоиш, қонунияти инкишоф ва ҷойгиршавии онҳоро дар узвҳои ҷудогона меомӯзад. Пайдоиши анатомияи рустанӣ ба ихтироъ ва такмили микроскоп алоқаманд аст. Соли 1665 физики англис Р. Гук бо микроскопи такмилдодааш пардаи тунуки пӯк ва чӯби рустаниҳои гуногунро таҳқиқ карда, муқаррар намуд, ки онҳо аз ҳуҷайра иборатанд. Вале асосгузорони анатомияи рустанӣ биологи италиявӣ М. Малпигӣ ва ботаники англис Н. Грю (а. 17) маҳсуб мешаванд.
Ҳуҷайраи рустанӣ аз лифофа, протопласт (ситоплазма, ядро, пластидҳо, митохондрияҳо) ва маҳсули фаъолияти он (моддаҳои захиравӣ, қатрон, равғанҳои эфирӣ ва ғайра) иборат аст. Мавзӯи асосии омӯзиши анатомияи рустанӣ узвҳои нашви (поя, реша ва шоху барг)-и дарахтон (аз ҷумла дарахтони мева ва ток) ва гулу меваи онҳо мебошад.
Анатомияи рустанӣ ба морфология, физиология ва эмбриологияи рустанӣ сахт марбут буда, аз фаслҳои анатомияи физиологӣ, экологӣ, патологӣ ва муқоисавии рустанӣ иборат аст. Анатомияи физиологии рустанӣ алоқаи байни сохт ва ҷараёнҳои дар онҳо рухдиҳанда, анатомияи экологии рустанӣ ба сохти рустанӣ таъсир кардани шароити муҳит ва инкишоф, анатомияи патологии рустанӣ ба сохти рустанӣ таъсир кардани унсурҳои касалиовари биологӣ, химиявӣ ва физикӣ, анатомияи муқоисавии рустанӣ намуд, авлод, оила ва ғ-ро ба тарзи қиёс тадқиқ мекунад. Анатомияи таҷрибавии рустанӣ асосан ба таҷрибаҳои агротехникӣ вобастагӣ дорад. Усули асосии омӯзиши сохти дарунии рустанӣ тайёр намудан ва бо микроскоп дидани қабати тунук буридаи узви рустанӣ мебошад. Усулҳои дигари тадқиқот низ вуҷуд доранд (мас., люминессентӣ, поляризатсионӣ, электронӣ, гистохимиявӣ, таҳлили ренгеноструктуравӣ ва ғайра). Тадқиқоти анатомӣ имконият фароҳам меоваранд, ки бисёр сифатҳои пурқимати дарахтони мева ошкор гарданд, масъалаи механизатсияи боғу токзор ва ниҳолхонаҳо роҳи ҳалли худро ёбад (мас., пайвандкунии мошинӣ, бо мошин буридани току навдаи дарахтон, бо комбайн ғундоштани ҳосил ва ғайра), усулҳои ташхиси сармобардорӣ, устуворӣ ба зараррасону касалиҳо дарёфт шаванд.
Анатомияи эътилолӣ
Анатомияи эътилолӣ, морфологияи эътилолӣ - илмест, ки асосҳои морфологии бемориҳои одам ва ҳайвонотро меомӯзад. Мавзӯи тадқиқи анатомияи эътилолӣ тағйироти макроскопӣ ва микроскопӣ дар узву бофтаҳо мебошад. Анатомияи эътилолӣ умумӣ (морфологияи бемориҳо, мас., ихтилоли гардиши хун, мубодилаи моддаҳо, илтиҳоб, омосҳоро меомӯзад) ва ҷузъӣ (морфологияи бемориҳои алоҳидаро тадқиқ мекунад) мешавад. Усули асосие, ки ҳангоми анатомияи эътилолии одам истифода мебаранд, чок кардани ҷасад аст. Ин имкон медиҳад, ки беморӣ аз нигоҳи клиникию морфологӣ таҳлил ва ноқисиҳои ташхису муолиҷа муқаррар карда шаванд. Узву бофтаҳои ҳангоми ҷарроҳӣ бурида гирифта ва маводи биопсияро низ аз ҷиҳати патологоанатомӣ месанҷанд. Бинобар тараққӣ кардани техникии тиббӣ ва илми ҷарроҳӣ узву бофтае нест, ки мавриди чунин санҷиш қарор нагирад. Дар натиҷаи тадқиқи маводи биопсия анатомияи эътилолии одами зинда низ ба вуҷуд оварда шудааст. Дар тадқиқоти патологоанатомӣ аз усулҳои санҷиши микроскопӣ (люминессентӣ, рӯшноигӣ, электронӣ, ситологӣ, гистологӣ, гистохимиявӣ, морфометрӣ ва ғайра) фаровон истифода мебаранд. Анатомияи эътилолӣ дар робита бо физиологияи эътилолӣ масъалаҳои асосии патологияи умумӣ ва ҷузъиро ҳаллу фасл менамояд.
Омӯзиш дар Тоҷикистон
Анатомияи эътилолӣ чун фанни мустақил дар мактабҳои олии тиббӣ таълим дода мешавад. Дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино онро аз соли. 1939 дарс медиҳанд. Дар кафедраи анатомияи эътилолӣ, ки бо ташаббуси профессор П. В. Сиповский таъсис ёфта буд (1939), бисёр масъалаҳои муҳим ҳалли хешро ёфтанд (мас., чанд намуди морфологии бемории ҷоғар муқаррар карда шуд, морфологияи гепатити гелиотропӣ мавриди тадқиқ қарор гирифт ва ғайра). Дар тараққии анатомияи эътилолӣ саҳми профессорон П. В. Сиповский, К. Н. Савина, Ю. В. Гулкевич, А. Ғ. Ғоибов, Б. Д. Монастирская, А. В. Куркин ва дигарон калон аст.
Ҳамчунин нигаред
- Морфологияи ҳайвонот
- Морфологияи рустанӣ
Эзоҳ
Адабиёт
Пайвандҳо
Сарчашма
Wikiwand in your browser!
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.