саҳифаи маъноҳои Викимедиа From Wikipedia, the free encyclopedia
Агрегат (лотинӣ aggrego – мепайвандам) — 1) дар техника – банд (узел)-и муттаҳид ва якхела кардашудаи мошин (ё маҷмӯи мошинҳо), ки пурра ивазшаванда буда, амалҳои алоҳидаро мустақилона иҷро мекунад (масалан, генераторҳо, муҳаррикҳои электрикӣ, турбогенератор, редуктор, насос ва ғайра). Баъзан истилоҳи «Агрегат» барои ифода кардани ду ва ё аз он зиёд мошинҳо, ки якҷоя кор мекунанд, истифода мегардад. Қисматбандии мошинҳо (маҷмӯи мошинҳо) аз Агрегатҳои якхелаи ҳамдигарро ивазкунанда ҳангоми сохтани мошинҳои таъйиноташон гуногун васеъ истифода бурда мешавад, чунки барои оқилона ташкил намудани истеҳсол ва истифодаи онҳо имкон медиҳад. Масалан, ҳангоми сохтани як намуди мошинҳои таъйиноташон гуногун як қатор бандҳоро ҷудо кардан мумкин аст, ки барои ҳамаи мошинҳо якхела ва ё хеле монанд мебошанд (масалан, муҳаррик, тири пеш ва ғайра). Ин барои зиёд кардани истеҳсоли баъзе бандҳо ва паст намудани арзиши тайёркунии онҳо имкон медиҳад; 2) дар минералогия ва петрография маҷмӯи минералҳо ё як минерали танҳо, ки аз он ҷинси кӯҳӣ, маъдан, друза, оолит, сферолит ва ғайра ҳосил шудаанд. Аз рӯи сохт Агрегат нарм, хокамонанд, шӯшамонанд, зич, кристаллӣ, ғурӯша ва ғайра мешавад; 3) дар кишоварзӣ – мошин ва олатҳое, ки ба якдигар пайваст карда ба кор мебаранд (нигар Агрегати мошину трактор) ;4) дар иқтисодиёт– нишондиҳандаи макроиқтисодии ҷамъбасткунанда, таснифоти ҷамъбастии оморӣ ва асос барои тарҳрезии системаҳои иқтисодӣ.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.