From Wikipedia, the free encyclopedia
Аврам Гершко (номи аввалӣ Ференс Хершко, ибрӣ: אברהם הרשקו; тав. 31 декабри 1937, Корчаг, Маҷористон) — зистшимидони исроилӣ.
Таърихи таваллуд | 31 декабр 1937[1][2] (86 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | зистшимӣ |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Хатмкардаи факултаи тиббии Донишгоҳи Байтулмуқаддас. Аз соли 1970 корманди Институти Б. Рапопорт ва Техниони ш. Ҳайфо, инчунин мудири озмоишгоҳи биохимия буд. Ҳамроҳ бо В. Судакин, Д. Ганот, Х. Хеллер, И. Эйтан, А. Чехановер ва дигарон раванди патологиро дар инкишофи ҳуҷайра ва усулҳои таъсир расондан ба онро таҳқиқ кардааст. Зери роҳбарии Аврам Гершко усулҳои нави омӯзиши бемориҳои дарунӣ (аз ҷумла бемории саратон) ва муолиҷаи онҳо дарёфт карда шуданд. Дорандаи Ҷоизаи давлатии Исроил оид ба биохимия ва тиб (1994), Мукофоти Вехтер (Донишгоҳи Инсбрук, Австрия, 1999, якҷо бо А. Чехановер), Мукофоти А. Ласкер (2001), Мукофоти М. Ландау (2001, якҷоя бо А. Чехановер). Барои таҳқиқи аҳаммияти убиквитин дар силсилаи ҳуҷайравии таназзули сафедаҳо дар протеасомаҳо сазовори ҷоизаи Нобел гаштааст (2004; ҳамроҳи А. Чехановер ва И. Роуз).
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.