From Wikipedia, the free encyclopedia
Абулфараҷи Исфаҳонӣ (Абулфараҷ Алӣ ибни Ҳусайни Исфаҳонӣ, ар. أبو الفرج الأصفهاني; 897, Исфаҳон – 967, ҳамон ҷо) — мусиқашинос, шоир, забоншинос ва мунаҷҷими форсу тоҷик.
Абулфараҷи Исфаҳонӣ илмҳои замонашро дар зодгоҳаш омӯхта, муддате дар Бағдоду Ҳалаб чун надими дарбор хидмат кардааст. Дар илмҳои ситорашиносӣ, мусиқӣ, таърихнигорӣ, адабиёт истеъдоди баланд доштааст. Абулфараҷи Исфаҳонӣ муддати зиёд ба кишварҳои Арабу Аҷам сафар карда, роҷеъ ба осори фарҳангӣ, адабӣ, ҳунарӣ, мусиқӣ ва шеър ахбори зиёде ҷамъоварӣ намудааст ва онро дар асари қомусиаш «Китоб-ул-ағонӣ» («Китоби сурудҳо») ҷой додааст. Бино ба ахбори манобеи хаттӣ Абулфараҷи Исфаҳонӣ роҷеъ ба мусиқӣ асарҳои бисёре таълиф намудааст: «Китоб-ул-муҷаррад ал-ағонӣ», «Рисола фӣ ағонӣ», «Китоб фӣ-н-нағам», «Китоб-ул-ахбор-ил-қиён» (занони сароянда), «Китоб-ул-ғилмон-ил-муғаннин» (писарони сароянда) ва ғайра «Китоб-ул-ағонӣ»-и Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар омӯхтани таърихи мусиқии форсу тоҷик ва диг. кишварҳои Шарқ аҳамияти калон дорад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.