From Wikipedia, the free encyclopedia
Фаттоҳ Одина (Абдулфаттоҳ Одинаев; 22 июли 1938, Кангурт, ноҳияи Совет — 2 январи 2010, Душанбе, Тоҷикистон) — оҳангсози маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театрии Тоҷикистон, лауреати мукофоти ба номи А. В. Александров ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Таърихи таваллуд | 22 июл 1938 |
---|---|
Зодгоҳ | Кангурт, Ноҳияи Темурмалик ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 2 январ 2010 (71 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Фаттоҳ Одина (Абдуфаттоҳ Одинаев) 22 июли соли 1938 дар Кангурт таваллуд шудааст. Соли 1957 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, соли 1962 консерваторияи давлатии ба номи Чайковский ва соли 1966 аспирантураи Донишкадаи давлатии мусиқӣ-омӯзгории бо номи Гнесинро дар Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) хатм кардааст. Солҳои 1962—1964 муҳаррири шуъбаи мусиқии Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, солҳои 1967—1971 муҳаррири коллегияи репертуарии Вазорати маданияти Тоҷикистон.[1] Дар солҳои 1971—1978 роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон будааст. Аз соли 1974 омӯзгори калон (аз соли 1991 профессор)-и ва мудирияти кафедраи факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории Душанберо бар дӯш доштааст. Аз соли 1998 нафақагири шахсӣ. Рӯзи 2 январи соли 2010 дар синни 72-солагӣ вафот кардааст[2].
Операи аввалини оҳангсози марҳум бо номи «Парасту» дар соли 1966 аз рӯи достони шоира Жола офарида шуда, дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба саҳна гузошта шудааст. Достони «Аҳурамаздо» ва операи бачагонаи «Бузаки ҷингилапо» аз асарҳои маъруфи ӯ мебошанд. Фаттоҳ Одина беш аз 150 суруд эҷод кардааст, ки сарояндагони машҳур Аҳмад Зоҳир, Нигина Рауфова, Мастона Эргашева, Нуқра Раҳматова, Майсара Дилдорова, Маҳбуба Боҳирова, Зоҳир Ҳувайдо, Сурайё Қосимова, Тоҷиддин Муҳиддин ва диг. сурудҳои ӯро иҷро намудаанд. Инчунин Фаттоҳ Одина ба чандин кинофилмҳо мусиқӣ навиштааст, аз ҷумла, ба филмҳои ҳунарии «Хиёнат», «Қасос», «Хати парвоз», «Сандуқ барои арӯс» ва ғ. Мусиқии Фаттоҳ Одина заминаи халқӣ дошта, имрӯз дар Тоҷикистон машҳур аст. Бо таъсисёбии Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2003) профессори фахрии мактаби олӣ интихоб гардид. Ҳамчун аъзои шӯрои олимони Консерватория дар ҳаёти он фаъолона ширкат варзидааст.[1]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.