Ёдгориҳои бостонӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ёдгориҳои бостонӣ — иборат аз бозёфтҳои бостонӣ ба монанди тангаҳо, аслиҳа, лавозимоти рӯзгор, олоти меҳнат, сарулибос, созҳои миллии мусиқӣ, аксҳо, катибаҳо, санъати ороишию амалӣ ва ғайра мебошанд. Инчунин ба ёдгориҳои бостонӣ нақшу нигори ороишӣ, маснуоти заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, боқимондаҳои ашё ва лавозимоти дар натиҷаи ковишҳои бостонӣ ошкоргардида ва ғайраҳо дохил мешаванд. Ин ёдгориҳо бояд аҳамияти таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва эстетикӣ дошта бошанд.
Ёдгориҳои бостонӣ асосан дар осорхонаҳо, намоишгоҳҳо ҳифз гардида тавассути экспозитсияҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Бо истифода аз ёдгориҳои бостонӣ намоишҳои сайёр дар таълимгоҳҳо, муассисаҳои фарҳанг, корхонаву ташкилотҳо ташкил намудан мумкин аст. [1]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.