From Wikipedia, the free encyclopedia
IOTA - криптоасъор бо рамзи кушодаи ибтидоӣ аст. IOTA барои интиқоли маълумот ва пардохтҳо бидуни комиссия байни дастгоҳҳо дар интернет ашёӣ пешбинӣ шудааст.[6] Лоиҳа соли 2015 аз ҷониби Дэвид Сэнстебё, Сергей Иванчегло, Доминик Шинер ва Сергей Попов таъсис дода шудааст.[7][8]
Навъ | рамзарз, Арзи рақамӣ, free and open-source software[d] ва distributed ledger[d] |
---|---|
Нахустин нусха | 11 июн 2016 |
Охирин нусха | |
Иҷозатнома | GNU General Public License[d] |
Вебгоҳ | iota.org(англ.) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Маблағи ҳадди имконпазири криптоасъор - 2 779 530 283 277 761 Iota мебошад.[9] Дар низом майнинг пешбинӣ нашудааст. Дар моҳи апрели соли 2021, сармоякунии бозори IOTA 6,4 миллиард долларро ташкил дод.[10] Транзаксияҳои IOTA новобаста аз ҳаҷми онҳо ройгон мебошанд. Вақти тасдиқи амалиёт чандон зиёд нест. Шумораи амалиётҳои якбора коркардшаванда маҳдуд нест, худи низом ба осонӣ метавонад миқёс карда шавад.[11]
Моҳи ноябри соли 2017 дар асоси IOTA бозори оммавии маълумот ифтитоҳ шуд. Дар ин лоиҳа беш аз бист созмони умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла Bosch, Microsoft, Fujitsu ва як қатор ширкатҳои дигар ширкат варзиданд.[12] Истифобадарандагони оддӣ низ метавонанд маълумоти худро фурӯшанд.
Дар соли 2017 сармоягузорони аввалини токенҳои IOTA аз ҳаҷми умумии токенҳо 5%-ро барои рушд ва эҷоди минбаъдаи он, ки дертар ба Фонди IOTA мубаддал шуд, хайр карданд.[13] Дар соли 2018 Фонди IOTA бо мақсади мусоидат кардан дар таҳқиқот ва лоиҳаҳо, таълим ва стандартизатсияи технологияи IOTA ҳамчун Stiftung дар Берлин ба қайд гирифта шуд.[14][15] Фонди IOTA узви садорати Ассотсиатсияи байналмилалии барномаҳои блокчейни боэътимод (INATBA) ва узви муассиси Trusted IoT Alliance ва Mobility Open Blockchain Initiative (MOBI) мебошад, баҳри мусоидат ба блокчейн ва феҳрастҳои тақсимшуда дар равишҳои танзимкунанда, низоми экологии IoT ва сафарбаркунӣ.[16][17][18] Пас аз баҳси байни муассисони IOTA Дэвид Сонстебё ва Сергей Иванчегло, Иванчегло 23 июни соли 2019 аз ҳайати Шӯрои директорон рафт. 10 декабри 2020 сол ба таври расмӣ бо Давид Сёнстебё ҷудо шуданд.[19][20][21]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.