Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Литва
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Литва (литвонӣ: Lietuvos Tarybų Socialistinė Respublika Lietuvos TSR) (ҶШСЛ, Литваи шӯравӣ) - ҷумҳурии иттифоқии шӯравӣ-сотсиалистӣ. Яке аз ҷумҳуриҳои ИҶШС дар солҳои 1940-1990, ки қаламрав ва сарҳадҳои он аз соли 1946 бо қаламрав ва сарҳадоти Ҷумҳурии Литваи ҳозира рост меоянд (бо назардошти танҳо тағироти ночиз дар марз бо Беларус). ҶШСЛ дар ғарби қисми аврупоии СССР ҷойгир буда, дар шимол бо РСС Латвия, дар ҷануб ва шарқ бо РСС Белоруссия, дар ҷанубу ғарб бо вилояти Калинингради РСФСР ва Полша ҳамсарҳад аст. Дар ғарб онро баҳри Балтика мешустааст. Масоҳат - 65,2 ҳазор км². Пойтахт — Вилнюс. Ин ягона ҷумҳурӣ дар СССР буд, ки аҳолияш асосан католикҳо буданд. 11 марти 1990 Шӯрои Олии ҶШС Литва дар бораи тағйири номи давлат ба Ҷумҳурии Литва [1] қонун баровард ва санадро дар бораи барқарор кардани истиқлоли Литва имзо кард [2]. 6 сентябри 1991 Шӯрои давлатии СССР истиқлоли Литваро эътироф кард.