From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҷонибеки Мурод (Муродов Ҷонибек Ҷӯрабекович; 29 май 1986, Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — яке аз номдортарин овозхонҳои Тоҷикистон аст.
Ҷонибеки Мурод 29 майи 1986 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ҷонибек писари ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов аст. Соли 2003 мактаби миёнаро дар Хуҷанд ба поён расонда донишҷӯи Донишгоҳи муосири гуманитарии тоҷикиву русӣ дар Хуҷанд шуд ва онро бо тахассуси забоншинос-арабшинос ба анҷом расонд.
Ҷонибеки Мурод фаъолияти ҳунариашро соли 1995 оғоз карда ва то соли 2005 овозхони гурӯҳи хуҷандии «Боло» буд. Солҳои 2006 — 2007 бо гурӯҳи «Вазир» ҳунарнамоӣ мекард ва аз соли 2007 худ ба танҳоӣ овозхонӣ мекунад. Ҳамроҳи сарояндагони варзидаи эстрадаи тоҷик: Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Меҳрнигори Рустам, Дамирбек Олимов Ҷонибеки Мурод (бо суруди "Арӯси замонавӣ") дорандаи ҷоизаи "Tamoshow Music Awards – 2017" аз рӯи рейтинги шабакаи Ютуб соҳиб шудаст. Барои гирифтани ин ҷоизаи муътабари мусиқии тоҷик дар 9 бахш 45 номзад мубориза бурданд.[1]
Яке аз мусиқии сурудҳои Ҷонибекро овозхони тоҷик, Манижа Давлатова навиштааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.