![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/1/1f/ARG_Line-up_-_ARG_vs_MEX_for_2022_FIFA_WC.jpg/640px-ARG_Line-up_-_ARG_vs_MEX_for_2022_FIFA_WC.jpg&w=640&q=50)
Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022
гурӯҳи Викимедиа / From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022 (араб. 2022 كأس العالم لكرة القدم, англ. 2022 FIFA World Cup) — 22-юмин давраи Ҷоми ҷаҳонии футболи ФИФА аст, ки аз 20-уми ноябр то 18-уми декабри соли 2022 дар Қатар баргузор гардид. Ин нахустин Ҷоми ҷаҳонӣ аст, ки кишваре аз Шарқи Наздик онро мизбонӣ кард, инчунин бори аввал дар нимкураи Шимолӣ, дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон гузаронида шуд ва ҳамчунин пас аз Ҷоми ҷаҳонии 2002 дар Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон ин дуюмин борест, ки Ҷоми ҷаҳонӣ дар Осиё баргузор шуд. Баргузории «Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022», 2 декабри соли 2010 дар шаҳри Зӯрих, Суис муайян карда шуда буд. Бозии ниҳоӣ — 18-уми декабри соли 2022 дар варзишгоҳи Лусайл, ки дорои 80 000 ҷойи нишасти тамошобинон аст, баргузор гардид[2]. Бо сабаби гармии ҳаво дар Қатар, мусобиқаҳои «Ҷоми ҷаҳонии футбол», чун анъана дар моҳҳои май, июн, июл баргузор нашуд ва бори аввал дар охирҳои моҳи ноябр ва миёнаҳои моҳи декабр, давоми 29 рӯз баргузор карда шуд. Ин ҷом бо ҳазинаи тахминии беш аз 220 млрд доллар дай айни замон пурҳазинатарин Ҷоми ҷаҳонӣ аст, ки то кунун баргузор шудааст; Ҳарчанд иддаи дигар ин рақамро рад кардаанд ва бар ин боваранд, ки тавсеаи зерсохтҳо қабл аз эҳдои мизбонӣ ба қатариҳо барномарезӣ шуда буд. Онҳо иддао мекунанд, ки ҳазинаи воқеии Ҷоми ҷаҳонӣ 8 млрд доллар аст. Ин мусобиқаи «Ҷоми ҷаҳонии футбол» мебошад, ки дар мусобиқаҳои финалӣ — 32 дастаҳои футболи кишварҳои ҷаҳон иштирок карданд. Фаронса бо мағлуб намудани Хорватия (4:2) дар финали Ҷоми ҷаҳонии 2018, мудофеи унвони қаҳрамонӣ аст.
Дар нусхаи забонии дигар мақолаи пурратар аст: Чемпионат мира по футболу 2022 (рус.).
Шумо метавонед мақоларо бо иловаи тарҷума муфассалтар кунед ва ба лоиҳа кӯмак кунед. Дар ҳамин ҳол, бинобар риояи қоидаҳои нашр, шаблони {{Мақолаи тарҷумашуда}}-ро дар саҳифаи баҳс ишора кунед, ё пайвандро ба саҳифаи манбаъ (сарчашма) дар шарҳи вироиш нишон диҳед. |
Бо сабаби баҳсҳо оиди ришваситонӣ, дар интихоби кишвари баргузоркунандаи «Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022», ФИФА эҳтимоли на дар кишвари Қатар, балки дар дигар кишвар гузаронидани мусобиқаро дар назар гирифта буд[3].