From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҷоизаҳо барои муаллифони YouTube (англ. YouTube Creator Awards) — ба муаллифони шабакаҳо, ҳангоми теъдоди муайяни муштариёнро ҷалб кардан супорида мешаванд. Тугмаҳо аз ҷоизаҳои «YouTube Awards», ки барои беҳтарин видео дода мешаванд, фарқ мекунанд. Ҳамагӣ 3 навъи ҷоизаҳо дар сомонаи расмии ҷоизаҳои YouTube мавҷуданд. Шумораи тамошобинон ва ҳаводорони навор чи қадаре, ки зиёд бошад, ҷоизаҳои «YouTube Awards» низ ҳамон қадар калонтар мешаванд.
Дар видеоконфронси солонаи VidCon 2012, директори YouTube Тим Шей ба Тугмаи тилоии YouTube, ҷоиза барои шахсоне, ки 1000000 муштарӣ доранд, тақдим кард. Дар он вақт, 78 канал мукофотонида шуданд ва Тим инчунин "Тугмаи нуқрагини YouTube"-ро эълон кард, ки он ба шахсоне, ки 100000 муштарӣ доранд, дода шуд. Ғайр аз он, онҳо корти туҳфаҳо ва камераи рақамии SLR $ 500 гирифтанд. Дар VidCon 2015, YouTube VP оид ба идоракунии маҳсулот Мэттю Глотсбах аз ҷорӣ намудани "тугмаи алмосӣ" хабар дод. Он барои одамоне пешбинӣ шудааст, ки 1000000 муштарӣ доранд. Дар он лаҳза, 35 канал ин тугмаро соҳиб шуданд. То моҳи октябри соли 2018, YouTube 294 канал дошт, ки беш аз 10000000 муштарӣ доранд. Соли 2019 зери видеои «Billie Eilish — bad guy» аз ҷониби корбари SethEverman шарҳе нашр шуд, ки дар тӯли шаш моҳ зиёда аз 1 миллион лайк гирифт. Ба шарафи ин, дастаи YouTube қарор кард, ки тугмаро ҳамчун шарҳи аз ҳама писандида пешниҳод кунад. SethEverman дар айни замон дар шарҳҳои худ зиёда аз 3,2 миллион лайк дорад.
Мукофотҳо ба андозаи гуногун фарқ мекунанд - ҳар қадаре ки муштарӣ дар канали YouTube зиёдтар шавад, тугма ва сарҳад ҳамон қадар калонтар мешаванд. Дар айни замон 5 намуди тугмаҳои YouTube ва 1 мукофот мавҷуданд:
«PewDiePie» ҳама ҷоизаҳои YouTube-ро дорад. Пюдипай (англ. PewDiePie [ˈpjuːdiːpaɪ]; номи аслӣ — Феликс Арвид Улф Челберг (швед. Felix Arvid Ulf Kjellberg [ˈfěːlɪks ˈǎrːvɪd ɵlf ˈɕɛ̂lːbærj])ⓘ; тав. 24 октябри соли 1989, Гётеборг, Шветсия) — ҳунарманд, оҳангсоз, арбоби шоу-бизнес ва видеоблогери шведӣ, ки бо забони англисӣ дар YouTube баромад менамояд. Дар YouTube шабака бо номи «PewDiePie» дорад, ки аз 14 августи соли 2013 то 15 апрели соли 2019 шумораи зиёди ҳаводорони худро дар видеохостинги YouTube дошт. Маҷаллаи Forbes сарваташро дар соли 2018 қариб 15,5 млн $ ҳисоб кард.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.