Ҷамшед
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҷамшед (форсӣ: جمشید) — яке аз подшоҳонии асотирии эронӣ. Ӯ бар асоси китоби Вандидод нахустин касе аст, ки ҳикмати ишроқиро фаро гирифт ва тавонист низоми маърифатии Эронро поягузорӣ кунад.
Вай дар асл аввалин башар ва аввалин шахси фанопазир ва шоҳи сарзамини мурдагон (ҷаҳони фонӣ ва заминӣ) буд. Дар достони Ҷам дар густураи садаҳои пеш аз таърих дигаргуниҳое падид омадааст, ки мунҷар ба пайдо шудани достони подшоҳӣ ҳамроҳ бо иқтидори вай бар замин шудааст, чунонки дар замони подшоҳии вай мардум аз газанди пириву марг барканор ва ҳамвора ҷавон буданд.[1]
Номи Ҷамшед дар Авесто Йима омада, ба таври гуногун маънидод шудааст. Мувофиқи Яснои 30 банди 3-4 ин ном Йема дугона ҳамзот тарҷума карда мешавад. Йима — подшоҳест, ки зоҳиран, дар давраи зиндагии муштараки ҳиндуориёоиҳо шаҳриёрӣ кардааст. Ддар Ведохо Йима худованди дузах буда дар назди бараҳмонон бошад, Яма ва хоҳараш Ями — одамони нахустин шуморида шудаанд.
Ҷамшед бузургтарин подшоҳ аст, ки лифоҳу саодати мардумро бартар аз ҳарчиз дониста, ба онҳо роҳу равиши зиндагӣ омухт ва барои онҳо ҷомеаи одилона барпо кард. Аз ин ҷихат вай дар «Авесто» соҳиби лақабу унвонҳои ифтихоромез мебошад. Фаргарди дуюми Вандидод дар бораи ин подлшоҳи маъруфи ориёи маълумоти мавчуте медихад. Ҷолиб аст, ки дар ин бахши Авесто як силсила шабохиде нухуфта аст, ки дар бахшҳои дигари китоби мукаддас дида намешавад. Аввалин, дар он ходисае, ки дар Космологияи исломӣ ва насронӣ, ба номи «Туфони Нӯҳ» маъруф аст ва дар асоси мифологияи зардушти марбут ба Ҷамшед мебошад, тасвир гардидааст. Ҷамшед дар «Шоҳнома» омадааст.[2]