Ҳуши маснӯъӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҳӯши маснуъӣ (форсӣ: هوش مصنوعی; англ. artificial intelligence, AI) — илм ва фановарии сохтани мошинҳои ҳушманд, бавежа барномаҳои компютерии зеҳнӣ[1]. Ба ибораи дигар ҳуши маснуӣ ба системаҳое гуфта мешавад, ки метавонанд вокунишҳои монанди рафторҳои инсони оқил, аз ҷумла дарки шароити печида, монандсозии равандҳои тафаккурӣ, шеваҳои далеловарии инсонӣ ва посухи муваффақ ба онҳо, ёдгирӣ ва тавоноии касби дониш ва далел барои ҳалли масъалаҳоро дошта бошанд.
Китобҳои таълимии пешрафта соҳаи ҳуши маснӯиро ҳамчун омӯзиши «вакилони соҳибақл» муайян мекунанд: ҳама гуна таҷҳизоте, ки муҳити атрофро дарк мекунад ва амалҳоеро иҷро мекунад, ки барои расидан ба ҳадафҳояш надик намояд. Ҳангоми суханронӣ одамон, истилоҳи «ҳуши маснӯӣ»-ро одатан барои тавсифи мошинҳое (ё компютерҳое), ки функсияҳои «маърифатӣ»-и тафаккури инсонӣ аз қабили «омӯзиш» ва «ҳалли мушкилот» дорад, истифода мебаранд.[2]
Ба ибораи дигар ҳуши маснӯӣ барои системаҳое гуфта мешавад, ки метавонанд вокунишҳои монанди рафторҳои инсони оқил, аз ҷумла дарки шароити печида, монандсозии равандҳои тафаккур, шеваҳои далеловарии инсонӣ ва посухи муваффақ ба онҳо, ёдгирӣ ва тавоноии касбу дониш ва далел барои ҳалли масъалаҳоро дошта бошанд.