Ҳифзи рустанӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҳифзи рустанӣ — соҳаи илми кишоварзӣ, ки усулу роҳҳои муборизаро бар зидди касалӣ, зараррасонҳо, алафҳои бегонаи зироати хоҷагии қишлок ва бешазор, инчунин системаи тадбирҳои хоҷагиҳои ҷангалдорӣ ва хоҷагии қишлоқро оид ба пешгириву барҳамдиҳии осеби ба рустанӣ расонидаи зараррасонҳо тадқиқ менамояд. Муҳофизати рустанӣ на танҳо аз маҳви организмҳои зараррасон ё маҳдудгардонии доираи фаъолияти онҳо иборат аст, инчунин муайян намудани давраи пайдоишу миқёси паҳншавӣ, пешгирии паҳншавии махсусан организмҳои зараррасонро аз як кишвар ба кишвари дигар низ ба зимма дорад. Муҳофизати рустанӣ дар заминаи муваффақиятҳои агрономия (деҳқонӣ, рустанипарварӣ, фитопатология ва антомологияи хоҷагии халқ ва ғайра), зоология ва ботаника (асосан систематика, анатомия, морфология, экология, географияи рустанӣ ва ҳайвонот), генетика, биохимия ва физиологияи рустанию ҳайвонот ва ғайра равнақ меёбад. Муҳофизати рустанӣ ба метеорология иқлимшиносӣ, химияю физика, гигиена ва токсикология ва ғайра низ узван алоқаманд аст.
Назар ба маълумоти Ташкилоти хӯрокворӣ ва хоҷагии қишлоқи ТДМ дар натиҷаи касалӣ ва осеби зараррасонҳо соле тақрибан 20-25 % ҳосили умумиҷаҳонии зироати хӯрокворӣ нобуд мешавад. Бинобар ин мавқеъ ва аҳамияти муҳофизати рустанӣ барои баланд бардоштани дараҷаи истеҳсол ва ҳифзи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ хеле бузург аст.