Қасри Миллат
From Wikipedia, the free encyclopedia
Қасри Миллат — дар маркази шаҳри Душанбе воқеъ аст ва қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Сохтмони Кохи Миллат дар шаҳри Душанбе соли 2002 дар майдони собиқ қароргоҳи (гарнизони) дивизияи 201 Федератсия Русия шурӯъ шуда буд. Дар сохтмони ин иншооти азим якчанд ширкатҳои хориҷӣ иштирок намуда буданд. Ифтитоҳи расмии ба истифода супоридани бинои Кохи Миллат дар арафаи вохӯрии сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) дар Душанбе, соли 2008 баргузор гардид. Кохи Миллат як ҷузи комплекси бузурги пойтахт, иборат аз Боғи Устод Рӯдакӣ, Боғи Парчами Миллӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва чанде дигар биноҳое мебошанд, дар шаҳри Душанбе бунёд гардидаанд ва симои пойтахти Тоҷикистонро нисбати солҳои гузашта дигаргун намудаанд. Ҷойгоҳ:шаҳри Душанбе, хиёбони Шерозӣ 11[1]