From Wikipedia, the free encyclopedia
Ю́рий Петро́вич Вла́сов (5 декабр 1935[1][2], Макиивка[d], Вилояти Донетск[1][3][4] — 13 феврал 2021[5], Маскав) — вазнбардори рус, нависанда ва ходими ҷамъиятӣ; Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1959).
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Кишвар | |
Тахассус | вазнабардорӣ |
Зодрӯз | 5 декабр 1935[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 13 феврал 2021[5] (85 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Хатмкардаи Академияи ҳарбии ҳавоӣ ва муҳандисии ба номи Н. Е. Жуковский (1959). Чемпиони ҷаҳон (1959, 1961-63), Аврупо (1959-64), ИҶШС (1959-63) дар вазни сангин. Чемпиони Бозиҳои олимпии 1960: дар як рӯз дар навъи сеҳарба се бор рекорди ҷаҳонӣ гузошт (537,5 кг) ва унвони беҳтарин варзишгари Олимпиадаро ба даст овард. Барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ (1964). Дар маҷмӯъ 29 рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст (1957-67). Солҳои 1987-88 сарвари Федератсияи гимнастикаи варзишии ИҶШС буд.
Осори адабии Юрий Власов аслан ба мавзӯъҳои равоншиносии шахсият ва варзиш марбут аст. «Пирӯзӣ бар хештан» (1964), «Ноҳияи вижаи Чин» (1972), «Ҳақиқати неру» (1984) аз таълифоти маъруфи ӯянд.
Дар охири солҳои 80 — миёнаҳои солҳои 90 садаи XX рӯ ба сиёсат овард.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.