Эрони Бузург (форсӣ: ایران بزرگ, англ. Greater Iran), Эронзамин (форсӣ: ایرانزمین) — дарбаргирандаи Эрони кунунӣ, бахши бузурге аз Қафқоз, Афғонистон ва Осиёи Миёна дарбаргирандаи Тоҷикистону Узбакистони кунунӣ, Миёндурӯд ва Хоразму манотиқи ҷанубии дарёчаи Хоразм (Арал) то каронаҳои дарёи Коспӣ (Каспий), Покистону Кашмир, кӯҳҳои Ҳиндукуш ва манотиқи ховарии Чини кунунӣ ва низ каронаҳову обхостҳои ҷанубии шохоби Порс ва дар бохтар дарбаргирандаи ҳамаи минтақаҳои Миёндуруд, Курдистони Бузург ва бахши шарқии Туркияи имрӯзӣ ва Онотулӣ аст. Ба эроншиносии садаи XIX омезиши истилоҳоти " Эрони Бузург " ва танҳо " Эрон " мувофиқ аст[1] .
Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ Эрони Бузург тамоми платои Эронро дар ҷануби Осиёи Марказӣ (Бохтар) ва Помир дар шимолу шарқ; Афғонистон ва Покистони Ғарбӣ (кӯҳҳои Сулаймон) дар ҷанубу шарқ; Курдистон, Кишвари Зазаро, Сурия ва Қафқоз дар шимолу ғарб дар бар мегирад
Империяи Мод (тахм. 678 – тахм. 585 п.а.м) дар даврони паҳноитаринаш (тахм. 585 п.а.м)
Империяи Ҳахоманишӣ (550 п.м–330 п.м) дар марзҳои бузургтаринаг (соли 480 п.м)
Империяи Ашконӣ (247 то милод–224 пас аз милод) дар марзҳои бузургтаринаш (96 п.м)
Империяи Сосониён (224–651) дар с. 620
Империяи Сомониён (819–999) дар с. 943
Империяи Саффориён (863–1003) дар с. 879
Империяи Сафавиён (1501–1736) дар соли 1624
Сулолаи Афшориён (1736–1796) р солт 1747а
Эрони Қоҷарӣ (1789–1925) дар соли 1797