Шуша
From Wikipedia, the free encyclopedia
Шуша (озарбойҷонӣ: Şuşa) — шаҳрест дар Озарбойҷон, маркази маъмурии ноҳияи Шуша. Пойтахти фарҳангии Озарбойҷон.[1] Дар доманаи қаторкӯҳи Қарабоғ, дар баландии 1368 м аз сатҳи баҳр, дар шоҳроҳи Ханкенди - Горис, дар 11 км самти ҷануби Ханкенди[2] воқеъ аст. Аз соли 1992 то 2020 шаҳр таҳти назорати Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ (ҶҚК) қарор дошт. Озарбойҷон 8 ноябри соли 2020 дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ назорати шаҳрро ба даст овард, ки он 10 ноябр дар изҳороти сеҷонибаи Озарбойҷон, Арманистон ва Русия сабт гардидааст.
Quick Facts Шуша, Кишвар ...
озарбойҷонӣ: Şuşa | |
Кишвар | [[|]] |
Роҳбар | Bayram Safarov[d] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 1752 |
Масоҳат |
|
Баландӣ | 1 420 м |
Вақти минтақавӣ | UTC+4 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
Шиносаҳои ададӣ | |
Коди мошинҳо | 58 |
Вебгоҳи расмӣ(озарб.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Close