From Wikipedia, the free encyclopedia
Мазҳаби шофеъӣ (ар. المذهب الشافعي) — сеюмин мактаби фиқҳии аҳли суннат, ки ба пешво ва муассиси худ имом Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ (рҳ) нисбат ёфта, бар пояи замонбандии таърихӣ дар радаи сеюми мактабҳои фиқҳии аҳли суннат қарор дорад.
Мазҳаби шофеъӣ ҳарчанд ба мактаби аҳли ҳадис наздикии зиёде дорад, вале аз мазҳаби ҳанафӣ, ба хусус аз назароти фиқҳии имом Муҳаммади Шайбонӣ (рҳ), хеле мутаассир гардидааст. Аз ин рӯ, он фарогири шеваи аҳли ҳадис ва аҳли раъй ва дар воқеъ талфиқ ва омезае аз ин ду тариқа аст. Дар миёни Шофеъӣ (рҳ) муассиси мазҳаб, ки шогирди имом Молик (рҳ) аст ва имом Муҳаммад (рҳ) – шахсияти сеюм дар мазҳаби ҳанафӣ пайвандҳои амиқи илмӣ ва муколамоти ҳузурӣ барқарор буд, ки ҳарду машраб дар рехтани пояҳои шахсияти вай ва пас аз он дар бинои аркони мазҳабаш муассир будаанд[1].
Мазҳаби шофеъӣ ба ду давраи андешаҳои фиқҳии поягузораш имом Шофеъӣ (рҳ) ҷудо мешавад, аввал, мазҳаби қадими вай, ки андешаҳои фиқҳии ӯро дар давраи буду бошаш дар Ироқ фаро мегирад ва ба он мазҳаби қадими Шофеъӣ гуфта мешавад, дуюм, мазҳаби ҷадиди вай, ки назароти фиқҳӣ ва орои иҷтиҳодии ӯро пас аз сукунаташ дар Миср ташкил медиҳад ва ба он мазҳаби ҷадиди Шофеъӣ гуфта мешавад. Имом Шофеъӣ (рҳ) пас аз сукунат дар Миср ба вазъи нави иҷтимоӣ ва ҳамин тавр ганҷинаи мавҷуди суннати набавӣ дар он ҷо ва ба назароти мутафовити фиқҳии уламои он диёр дар баъзе масоил рӯ ба рӯ гардид, ки назари ӯро нисбат ба он масоил дигар кард. Фатовои тоза ва таҷдиди назарҳои вай дар ин давра мактаби ҷадиди фиқҳии ӯро ба вуҷуд овардаанд.
Мазҳаби шофеъӣ гарчи дар сарзамини Миср амиқан реша гирифт ва ба мазҳаби ғолиб ё аксарияти мардум табдил ёфт, вале бар хилофи мазҳаби ҳанафӣ ва моликӣ маҳсули фарояндҳои зеҳнии минтақаи хоссе, ки хезишгоҳи аслии он ба шумор оянд, набуда, балки он ҳосили истинтоҷоти фиқҳӣ ва андешаи ҳуқуқии фақеҳе комилан ошно ба донишҳои исломӣ ва назарияҳои фиқҳии ду мактаби Ироқ ва Ҳиҷоз аст.
Китобе, ки назароти фиқҳии қадими Шофеъӣ дар он гирд оварда шудаанд, «ал-Ҳуҷҷат» ва китобе, ки орои ҷадиди ӯро дар масоили фиқҳии мазҳаб бозгӯ менамояд, «ал-Умм» ном доранд. Гуфтанист, ки тафовути масоил дар мазҳаби қадим ва ҷадиди вай на ба он қадре ҳастанд, ки ду мазҳаби ҷудо аз ҳам ба шумор раванд, вале онҳо ба ҳаҷме буда, ки онро ба ду давраи назароти қадим ва ҷадиди фиқҳии ӯ ҷудо кардааст.
Бузургтарин марҷаи ҳадис ва осори фиқҳии мазҳаби шофеъӣ таълифот ва имлооти бевоситаи худи имом Шофеъӣ (рҳ) – китоби «ал-Муснад» дар ҳадис ва китоби «ал-Ҳуҷҷат» ва «ал-Умм» дар фиқҳ ҳастанд.
Маркази умдаи интишори мазҳаби шофеъӣ дар ибтидо Бағдод ва Қоҳира буданд ва аз он ду ба василаи шогирдон ва пайравонаш ба тадриҷ дар акнофу атрофи мамолики исломӣ интишор ёфт. Абӯзуръаи Қозӣ Муҳаммад ибни Усмони Димишқӣ онро дар Шом ва Муҳаммад ибни Алӣ ибни Исмоил Қаффоли Шошӣ дар Хуросон ва сарзаминҳои Мовароуннаҳр мунташир намуданд. Мазҳаби шофеъӣ имрӯз дар Мисри Поён – Саъиди Миср, Африқои шарқӣ ва ҷанубӣ, қисматҳое аз Арабистони Саъудӣ ва Фаластин, кишварҳои ҷануб-шарқи Осиё – Индонезия, Малайзия ва ғайра ва Кафкази шимолӣ ривоҷ ва интишор дорад.
Аз донишмандони машҳури мазҳаби шофеъӣ Мовардӣ, Абӯисҳоқи Шерозӣ, Имомулҳарамайн, Абӯҳомиди Ғаззолӣ ва имом Рофеъиро метавон ном бурд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.