From Wikipedia, the free encyclopedia
Чинг Ҳа (чинии сунатӣ: 鄭和, сода: 郑和, пинйин: Zhèng Hé, номи аслиаш Ҳоҷӣ Муҳаммад Шамс; 1371[1][2][3][…], Кунминг[d], имперотурии Юон[d] — 1433[2][4][5] ё 1435[6], Нонҷинг[d], дудмони Минг[d]) — дарёсолор ва мутакашшифи тоҷики чинӣ. Муассис ва роҳбари ҳафт сафари бузурги дарёии артиши Имперотурии Минг.
Ҳангоми таваллуд Ma Ҳe (馬 和) ном дошт. Вай дар деҳаи Ҳедаи[8], минтақаи Кунинг [9] [10] таваллуд шудааст..
Хонаводаи ӯ аз қабилаи мусулмони саму (ё самур) буданд. Ниёи шашуми Чинг Ҳа, ки Сайид Шамсуддин Умар ном дошта, аз тоҷикони Хоразм дар Бухоро буд ва ба дастури Қубилойхон — императори муғули Чин ба ҳукмронии иёлати Юннон гуморида шуд.
Мо — номи хонаводагии аслии Чинг Ҳа муштаққ аз номи Масъуд панҷумин писари Сайид Шамсуддин Умар аст. Миртекин падар ва Хуррамиддин падарбузурги Чинг Ҳа ҳар ду ба зиёрати Ҳаҷ ноил гардиданд ва шояд достонҳои сафарҳои онон дар барангехтани ҳисси моҷароҷӯии Чинг Ҳа бетасир набудаанд.
Бо ҳамлаи артиши императории Минг ба аёлати Юннон, Мо Сунбоъуи ҷавон ба асорат даромад ва баъд аз мақтӯъуннасл шудан (ба синни сездаҳсолагӣ), барои хидмат ба дарбори императорӣ равона гардид. Номи Чинг Ҳа тавассути императори Юнгла[4] ба далели бурузи шоистагӣ дар ҷанг ба вай эъто гардид. Чинг Ҳа дар омӯзишгоҳи салтанатии Чин ба таҳсил пардохт ва мадориҷи тараққиро тай намуд.
Чинг Ҳа фармондеҳи новгони императории Чинро дасти кам тайи ҳафт сафари дарёӣ ба уҳда дошт. Ҷававу Суматра, Ҳинд, Эрон ва халиҷи Форс, дарёи Сурх ва бахшҳои мухталифе аз Африқо ва ҷануби шарқи Осиё, аз ҷумла манотиқе ҳастанд, ки тавассути новгони Чин ба раҳбарии Чинг Ҳа мавриди ковиш қарор гирифтанд. Гурӯҳе муътақиданд, ки новгони ӯ ҳатто ба қораи Амрико ва Австралия низ расид. Чинг Ҳа ва ҳамроҳони ӯ шарҳи мушоҳидоти худ ва нақшаи маконҳои мавриди боздидашонро ба сурати гузориш сабт менамуданд, ки бахшҳое аз ин гузоришҳо боқӣ мондаанд.
Бархе муътақиданд, ки афсонаи Синдбод иқтибосе аст аз зиндагии Чинг Ҳа ва дар ин маврид, ба вежа ба ташобеҳи исмии ӯ (Мо Сунбоъу) ва низ теъдоди сафарҳои ӯ (ҳафт сафар) истинод менамоянд. Чинг Ҳа тайи охирин сафари дарёиаш даргузашт ва пайкараш бар асоси расми дарёнавардони чинӣ пас аз сӯзонда шудан ба оби дарё сипурда шуд. Оромгоҳе низ дар Пекин барои ӯ сохта шуд, ки албатта холӣ аз пайкари ӯст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.