Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон
Федератсияи санъати мухорибахои омехтаи гайрикасбии Точикистон / From Wikipedia, the free encyclopedia
Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон (англ. Tajikistan Mixed Martial Arts Federation) — ташкилоти варзишӣ 31 октябри соли 2017, №1805 дар Вазорати адлия ба қайди давлатӣ гирифта шудааст ва аз 15 ноябри соли 2019 фаъолияти худро оғоз намуда, дар асоси талаботҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи худ ва стандартҳои Федератсияи байналмилалии санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ (IMMAF) фаъолият мекунад.
Quick Facts Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон (TAJMMAF), Номи байналмилалӣ ...
Номи байналмилалӣ | Tajikistan Mixed Martial Arts Federation |
---|---|
Соли таъсис | 2017 |
Навъ | санъати муҳорибаҳои омехта |
Президент | Даврон Ҷураев |
Макон |
![]() |
Сайт | tajmma.tj |
Close
Ҳадафи аз ифтитоҳи Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — фароҳам овардани шароити мусоид барои варзишгарони ҷавону наврас, калонсолон ва ба ин васила рушди тарбияи ҷисмонӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.