From Wikipedia, the free encyclopedia
Фаррух Рӯзиматов (Рузиматов Фаррух Саъдуллоевич; зод. 26 июни 1963, Тошканд, ҶШС Узбакистон, ИҶШС) — ҳунарманди балет, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1988); Ҷоизадори «Ниқоби тилоӣ» (1998), Ҳунарпешаи мардумии Русия (2000). Роҳбари Театри калони ба номи Алишер Навоӣ, дар Ӯзбекистон.
Таърихи таваллуд: | 26 июн 1963[1] (61 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | хореограф, ҳунарпешаи балет |
Ҷоизаҳо: | |
mikhailovsky.ru | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Соли 1981 Омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Ленинградро ба поин овар¬да, дар Театри опера ва балети ба номи С. Кирови шаҳри Ленинград фаъолият намудааст. Нақши аввалинро дар балети «Асият» бомуваффақият иҷро кард ва ба зудӣ дар радифи артистони пешбари ин театр қарор гирифт. Минбаъд дар «Паҳлавони палангинапӯш», «Баядерка», «Кӯли муғон», «Нозанини хуфта», «Шопениана», «Шаҳрзода», «Кармен», «Ҷавон ва марг», «Жизел», «Дон Кихот» барин балетҳо ҳунар озмуда, писанди умум афтод. Солҳои 2007—2009 роҳбари бадеии Театри Михайлови Санкт-Петербург буд. Дар саҳнаи бузургтарин театрҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кардааст. Номаш дар лоиҳаи «Ситораҳои балети қарни ХХ» сабт ёфтааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.