From Wikipedia, the free encyclopedia
Убайдулло Раҷабов (20 марти 1941, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 1 июли 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпеша, коргардони театр ва синамо, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1994). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (1998).
| |
Таърихи таваллуд: | 20 март 1941 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 1 июл 2021 (80 сол) |
Маҳалли марг: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпеша, коргардони театр ва синамо |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 2018721 |
Хатмкардаи студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1982).
Фаъолияти кории худро дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст (1968-1970). Солҳои 1970—89 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, 1990—2000 роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина», 2000—2004 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 то соли 2021 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина» фаъолият намудааст.
Ҳамзамон аз соли 1994 муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ, омода намудани гурӯҳҳои ҳунармандон ба сафарҳои хориҷӣ буд.
Беҳтарин нақшҳои офаридааш дар саҳнаи Театри драмаи мусиқии шаҳри Кӯлоб:
дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ:
Истеъдоди актёрии Р. хусусан ҳангоми иҷрои нақшҳои ҳаҷвии зерин хеле хуб зоҳир гардидааст:
Дар намоишномаҳои телевизионии зерин ширкат варзида нақшҳо иҷро кардааст:
Соли 1987 барои ансамбли «Дӯстӣ»-и колхози ба номи Ленини ноҳияи Қумсангир дар асоси расму ойинҳои халқи тоҷик бо номи «Ашаглон» сенария таълиф намуд, ки соли 1987 дар Фестивал-конкурси байналмилалии ансамблҳои фолклориву этнографии кӯҳсор дар Полша ҷойи аввал ва ҷоизаи «Табари тило»-ро дарёфт намуд. Ҳамчунин муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Душанбе дар шаҳри Маскав ва барномаи театришудаи ҷашни Наврӯз таҳти унвони «Наврӯзи Тоҷикистон» буд.
Соли 1997 роҳбари бадеӣ, таҳиягари дастаи ҳунарии наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар Фестивал-озмуни байналмилалии ансамблҳои наврасон дар шаҳри Клангенфурти Австрия сазовори ҷойи аввал ва соҳиби «Ҷоми тилоӣ» гардиданд.
Бо орденҳои Дӯстӣ ва Ситораи Президент, Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶСШ Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Убайдулло Раҷабов 1 июли соли 2021 бар асари беморие ки дошт, дар шаҳри Душанбе даргузашт[1].
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.