Теннис
From Wikipedia, the free encyclopedia
Теннис — бозии варзишиест, ки иштирокчиёни он дар майдончаи махсус — корт мекӯшанд бо ракетка тӯбчаро аз садди тӯри гузаронида соҳиби холҳои зарури шаванд. Теннис ба инкишофи ҷисмонӣ, беҳтар гардидани саломатӣ, истироҳатӣ хуб мусоидат мекунад; бо он дар ҳамаи синну сол ва дар тамоми фаслҳо бозӣ кардан мумкин аст. Аввалин қоидаҳои тенниси имрӯзаро соли 1873 У. Уингфилд ном англис мураттаб сохта буд. Дар бозӣ аз ду тараф яккасӣ ё худ дукасӣ, мардон ё занон иштирок мекунанд.