Теддӣ Ринер
From Wikipedia, the free encyclopedia
Теддӣ Пйер-Марӣ Ринер (фр. Teddy Pierre-Marie Riner, тав. 7 апрели 1989, Пуанте-а-Питре, Гваделупа) — ҷудукори фаронсавӣ, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ (2012, 2016), қаҳрамони 11-каратаи ҷудуи ҷаҳон, қаҳрамони 5-каратаи ҷудуи Аврупо, қаҳрамони чандкаратаи ҷудуи Фаронса. Дар вазни беш аз 100 кг баромад мекунад. Пурҷоизатарин варзишгар дар таърихи қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон. Се маротиба ҳамчун варзишгари сол дар Фаронса эътироф шудааст (2012, 2016, 2017).
фр. Teddy Riner | |
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард[1] |
Кишвар | |
Тахассус | ҷуду[2] |
Зодрӯз | 7 апрел 1989(1989-04-07)[3][4][5] (35 сол) |
Зодгоҳ | |
Қад | 204 сантиметр |
Вазн | 138 кг |
Вебгоҳи расмӣ(фр.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Лақаби варзишӣ — «Хирс Теддӣ»[6] (англ. Teddy bear), «Теддии бузург». Қад — 205 см, вазн — тақрибан 125 кг.
Аз соли 2008 дар сатҳи калонсолон, ӯ танҳо ду бор шикаст хӯрдааст: 15 августи соли 2008 дар даври ниманиҳоии Бозиҳои олимпӣ дар Пекин аз Абдулло Тангриеви узбакистонӣ ва 13 сентябри соли 2010 дар даври ниҳоии Қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон дар вазни мутлақ аз ҷудукори ҷопонӣ — Доикӣ Камикава. Аз соли 2010 инҷониб вай дар рӯи татамӣ шикастро намедонад ва аз он вақт пай дар пай зиёда аз 140 ғалаба ба даст овардааст.