From Wikipedia, the free encyclopedia
Субҳон Ҷалилов (Ҷалилов Субҳон Ҷурабекович[1]; тав. 26 декабри 1977, Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — рӯзноманигор ва блогнависи тоҷик, ровии барномаҳои радиоӣ. Муҳаррир ва директори барномаҳои Радиои «Ватан» (аз 2008)[2], «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2010).
Ҷалилов Субҳон Ҷурабекович | |
Ном ҳангоми таваллуд | Субҳон |
Таърихи таваллуд | 26 декабр 1977 |
Зодгоҳ | Файзобод, ҶШС Тоҷикистон |
Пеша | рӯзноманигор, ровии барномаҳои радиоӣ |
Ҷоизаҳо |
«Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ дар соҳаи Радио» (2009), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2010), «Аълочии Телевизион ва Радио» (2012). |
Субҳон Ҷалилов 26 декабри соли 1977 дар ноҳияи Файзобод, дар оилаи коргар ба дунё омадааст[3]. Оиладор, ду писар ва як духтар дорад.
Солҳои 1984—1994 дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 1-и ноҳияи Файзобод таҳсил кардааст. Соли 1995 ба шуъбаи Радиофизика ва электроникаи факултети физикаи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2000 бо ихтисоси «Муҳандиси соҳаи радиофизика ва электроника» хатм кардааст.
Солҳои 2000—2002 муҳаррир, сармуҳаррири идораи барномаҳо барои ҷавонон ва наврасони Радиои Тоҷикистон, 2003—2008 муҳаррир, сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ ва фароғатии радиои «Ватан» буд. Аз соли 2008 ба ҳайси директори барномаҳои радиои мазкур ва муаллифи шоу-барномаи субҳгоҳии «Субҳи Ватан» ифои вазифа дошт.
Субҳон Ҷалилов то охири соли 2022 дар вазифаи Директори кулли Радиои "Ватан" фаъолият кардааст. [4].
Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ (2009), дорандаи нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2010), Аълочии ТВ ва Радиои Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон — "Эътимод" мебошад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.