From Wikipedia, the free encyclopedia
Селена Мари Гомес (англ. Selena Marie Gomez; тав. 22 июли 1992) — ҳунарпеша ва сарояндаи амрикоӣ.
исп. Selena Gomez | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | исп. Selena Marie Gomez |
Номи пурра | Селе́на Мари́ Го́мес |
Таърихи таваллуд | 22 июл 1992 (32 сол) |
Зодгоҳ | Гранд Прейрӣ, Техас, ИМА |
Солҳои фаъолият | 2002 — то ҳол |
Кишвар | ИМА |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Навъи садо | Меззо-Сопрано |
Соз | Вокал, фортепиано |
Сабк | поп, данс-поп, поп-рок, электропоп |
Гурӯҳ | Selena Gomez & The Scene |
Ношир(он) | Hollywood Records |
Ҷоизаҳо |
ALMA 2009, American Music Awards 2016, Kids’ Choice Awards 2009-2015, People’s Choice Awards 2011, 2016, Teen Choice Awards 2009-2014 |
Соядаст | |
selenagomez.com | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аз соли 2009 вокалисти поп-рок-гурӯҳи Selena Gomez & the Scene мебошад. Дар соли 2012 танаффус дар маснад эълон кард ва хондани солоро пеша кард[1].
Селена амалҳои хайриявӣ мекунад. Ӯ сафири иродаи хуби ЮНИСЕФ мебошад, ки дар соли 2009 аъзои ҷавонтарини фонд дар тӯли таърих гашт.
Селена Мари Гомес 22 июли 1992 дар Гранд-Прейри (иёлати Техас, ИМА) дар оилаи Аманда Дон Корнетт ва Рикардо Ҷоел Гомес таваллуд шудааст. Падари Селена — мексикоӣ, ва модараш бошад итолиё-англис аст[2]. Ҳангоми таваллуд духтари Аманда 16 сол дошт. Номи худро Селена ба хотири сарояндаи дар он вақтҳо машҳур Селена гирифтааст[3]. Вақте ки ӯ 5-сола буд, волидонаш ҷудо шуданд. Модараш - ҳунарпешаи театр, танҳо фарзандашро тарбия мекард ва ӯро илҳом ба пешаи сарояндагӣ бахшид. Дар соли 2006 Аманда бо Брайан Тифи хонадор шуд[4]. Селена соҳиби хоҳар Грэйсӣ Эллиот Тифӣ аз издивоҷи дуюми модараш (тав. 12 июни 2013) ва хоҳар Тори Гомес (тав. июни 2014) аз издивоҷи дуюми падараш мебошад[5].
Дар майи соли 2010 Селена диплом дар бораи хатми миёнаи таҳсилот дар хона ба даст овард[6].
Гомес аз рӯӣ филмҳо ва силсилафилмҳои «Ҷодугарон аз Вэйверли Плэйсtgru», «Боз як ҳикоя дар бораи Золушкаtgru», «Барномаи ҳифзи шоҳзодадухтаронtgru», «Ханна Монтанаtgru», «Кӯдакони ҷосусон 3: Бозӣ тамом шудtgru» машҳур аст.
То иштирокаш дар филмҳои диснейӣ ӯ як нақшро дар барномаи телевизионии кӯдаконаи «Барни ва дӯстонtgru» бозидааст. Дар онҷо ӯ ҳамроҳ бо дугонаи деринааш — Деми Ловато нақшбозӣ кардааст.
Дар соли 2008 ӯ шартнома бо лейбли Hollywood Records имзо кард ва саҳми худро дар филми тасвирии «Париҳоtgru», филмҳои «Боз як ҳикояи дигари Золушкаtgru», «Барномаи ҳифзи шоҳзодадухтаронtgru ва сериали «Ҷодугарон аз Вэйверли Плэйсtgru» гузоштааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.