Сарос
From Wikipedia, the free encyclopedia
Сарос (лот. Saros), давраест, ки баъди гузаштани он аз рӯи ҳамон як пайдарпайи муайян Офтоб ва Моҳ такроран мегиранд. Дар натиҷаи дар кураи осмон даврӣ такрор шудани мавқеи мутақобили Офтоб, Моҳ ва гиреҳҳои Мадори Моҳ ба амал меояд. Сарос тақрибан ба 6585 1/3 шаборӯз баробар аст.
![Thumb image](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/b/bf/Saros_136_animation.gif/220px-Saros_136_animation.gif)