From Wikipedia, the free encyclopedia
Абӯабдуллоҳ Салмони Форсӣ (ар. سلمان الفارسي; 568, Козирун, Порс[d], Сосониён — 657[2], Тайсафун) — мушовир, мутарҷим ва саҳобаи эронии паёмбар Муҳаммад, нахустин форсизабони мусулмон, ровии ҳадис, тарроҳи аслии ҳафри хандақ дар Ҷанги Хандақ.
Салмони Форсӣ | |
---|---|
ар. سلمان الفارسي | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Рӯзбеҳ[1] |
Касб, шуғл: | воиз, сарлашкар, тарҷумон, нависанда |
Таърихи таваллуд: | 568 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 657[2] |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
Падар: | Бузахшан[3] (Юзахшан) |
Фарзандон: | Абдуллоҳ |
Ҷанг: | |
Шогирдон: | Анас ибни Молик |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Ӯ бо ин, ки писари яке аз деҳқонони Эрон буд,[4] зартуштӣ боқӣ намонд ва солҳо ба сарзаминҳои гуногун сафар кард, ки дар ҳамин сафарҳо дар сарзамине ба бардагӣ даромад ва сипас бо кумаки Муҳаммад (с) озод гашт.[4] Салмони Форсӣ, ки хираду донишҳои эрониён ва масеҳиёнро медонист аз мушовирони Муҳаммад (с), аз ҷумла тарроҳи асли кандани хандақ дар Ҷанги Хандақ будааст. Ӯ дар солҳои поёни зиндагӣи худ волии Мадоин гардид.
Барои Салмони Форсӣ пеш аз мусулмон шудан номҳои мухталиферо навиштаанд. Табарӣ ва Абунуъайми Исфаҳонӣ ном вайро Мобаҳ навиштаанд, Ибни Бобуия Рӯзбеҳ ва Балъамӣ Фирӯзон навиштааст. Табарӣ ва Ибни Асокир ном падари Салмонро Бузахшон ва Абунуъайми Исфаҳони Бадахшон ва Ибни Бобуия Хушбузон навиштааст.[5]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.