Сайид Аҳмадхон
From Wikipedia, the free encyclopedia
From Wikipedia, the free encyclopedia
Сайид Аҳмадхон (англ. Syed Ahmad Khan; урду: سید احمد خان; Аҳмадхон ибни Сайидмуҳаммади Муътақидхон; 17 октябри 1817, Деҳлӣ — 27 марти 1898, Алигарх) — ислоҳотгари машҳури олами ислом.
Аслу насабаш араб буда, аввал дар Ҳирот мезист ва дар аҳди Акбархон ба Ҳиндустон ҳиҷрат кардааст. Соли 1837 Аҳмадхон дар Деҳлӣ вазифаи котиби девони ҷиноии ҳукуматдорони англисро ба уҳда дошт. Соли 1869 ба Англия сафар карда, ҳангоми мусофираташ бо фарҳанги Ғарб аз наздик шинос шуд. Баъди бозгашт дар ноҳияи Ғозипур коллеҷ таъсис намуд. Дар барномаи коллеҷи исломии шарқиаш бар хилофи тадриси илмҳои динию расмии замонаш, омӯзиши илмҳои дунявӣ ва фанҳои маъмули мамолики Ғарбро дохил кард. Ин амали ӯ дар низоми маорифи исломӣ муносибати ислоҳталабонаашро ифода мекард, ки боиси таҳдиду туҳмати бисёре гардид.
Аҳмадхон дар давоми фаъолияти худ асари бисёреро таълиф намуд, ки муҳимтаринашон «Осори санодид» ва «Сабабҳои инқилоби Ҳинд» мебошанд. Ӯ ба Қуръон шарҳ навишта, роҷеъ ба ҳаёти Муҳаммад (с) рисолае низ иншо намудааст. Инчунин дар масъалаҳои дин, таълиму тарбия, сиёсату ахлоқ, мақолаҳои сершумор ба табъ расонда, назарияи ислоҳотхоҳии худро дар онҳо баён намудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.