From Wikipedia, the free encyclopedia
Рудолф Людвиг Карл Вирхов (олмонӣ: Rudolf Ludwig Karl Virchow; 13 октябри 1821, Шифельбайн, Померания — 5 сентябри 1902, Берлин) — донишманд ва сиёсатмадори олмонӣ дар нимаи дувуми садаи XIX. Пизишк, осебшинос, бофтшинос, физиолог, яке аз асосгузорони назарияи ҳуҷайра дар зистшиносӣ ва пизишкӣ, асосгузори назарияи осебшиносии ҳуҷайра дар пизишкӣ; ҳамчун бостоншинос, инсоншинос, деринашинос ва сиёсатмадори демократ низ шинохта шудааст.
олмонӣ: Rudolf Virchow | |
Таърихи таваллуд | 13 октябр 1821[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 5 сентябр 1902[1][2][3][…] (80 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | зистшиносии ёхта ва пизишкӣ |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Johannes Peter Müller[d][6] ва Robert Froriep[d] |
Шогирдон | Eduard Hitzig[d], Edwin Klebs[d], Alfredo Kanthack[d] ва Friedrich Daniel von Recklinghausen[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Хатмкардаи факултаи тиббии Донишгоҳи Берлин (1843). Аз соли 1856 профессори кафедраи анатомияи патологӣ, патологияи умумӣ ва терапия (муолиҷа)-и ҳамин донишгоҳ, инчунин директори Институти патология буд. Бо дар назар доштани сохтори ҳуҷайравии организм ҳама гуна равиши ноҳинҷорро маҷмӯи тағйироте шуморидааст, ки дар ҳуҷайра рух менамояд. Рудолф Вирхов тарзи инкишофи бемориҳои гуногуни одам, аз ҷумла ҷараёни ташаккули омос, илтиҳоб ва ғайраро шарҳ додааст. Таълимоти Рудолф Вирхов орӣ аз камбуд набуд. Масалан, ӯ назарияи аз ҳуҷайра таркиб ёфтани организмро қабул надошт.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.