From Wikipedia, the free encyclopedia
Рене́ Жан-Мари-Жозеф Гено́н (фр. René Jean-Marie-Joseph Guénon; 15 ноябри 1886, Блуа, Фаронса — 7 январи 1951, Қоҳира, Подшоҳии Миср) — файласуфи суннатгарои фаронсавӣ.
Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1902 ба Порис сафар кард. Дар он ҷо нахуст ба маҳфилҳои риёзидонон пайваст ва баъдан ба омӯзиши фалсафа пардохт. Рене Генон муддате усқуфи калисои маърифатии мавсум ба Тау Палингениус буд ва бо таҳқиқи улуми ғайбу ғариба, аз қабили каббала (ҷоду), оккултизм (симиё), гностисизм (ирфон), ҳиндуия ва дигар таълимоти рӯҳонӣ машғул гашт, бо маҷаллаи La Gnose («Ирфон») ҳамкорӣ дошт. Сипас ба таълимоти шарқӣ таваҷҷуҳ намуда, дар симои донишманди араб Абдурраҳмон ал-Кабир (китоби «Рамзиёти салиб»-ро ба ӯ бахшидааст), аврупоиёне, ки ба ислом гаравида буданд — Леон Шампрено (Абдулҳақ) ва шведӣ Иоҳанн Густав Агели (Абдулҳодӣ), ки ӯро бо таълимоти тасаввуфӣ шинос намуданд, инчунин граф Албер де Пувурвил (Матжиои), ки бо назарияи дао ошноӣ дошт, барои худ муршидонро пайдо кард. Соли 1912 ба дини ислом гаравида, ба худ номи арабии Абдулваҳид Яҳё гирифт. Соли 1927 дар шаҳри Сатифи Алҷазоир аз фалсафа дарс медод, соли 1928 ба Фаронса бозгашт. Соли 1930 ба Миср рафт ва то охири умр дар Қоҳира зист. Духтари Мухаммад Иброҳимро, ки аз насли фотимиён буд, ба занӣ гирифт. Бо уламои шинохтаи Миср, аз ҷумла шайх Абдулҳалим Муҳаммад, ки баъдҳо ба шайхи Ал-Азҳар маъруф шуд, иртиботи зич дошт. Ҳамчунин бо муҳаққиқони суннатгароии саросари ҷаҳон, аз қабили Ананда, Марко Политики, Леополд Сиглер ва Титус Буркхардт мукотиботи бисёр дошт. Соли 1948 Рене Генон шаҳрвандии Мисрро дарёфт кард.
Рене Генон дар Миср аз тариқати шозилия пайравӣ мекард ва ҳаёти суфиёна ба сар мебурд, вале таълифоти худро дар Аврупо, аз ҷумла дар Le Voile d’Isis («Чодари Исида»), ки соли 1936 Les Еtudes Traditionnelles («Таҳқиқоти суннат») ном гирифт, чоп мекард. Бо вуҷуди ба дини ислом гаравидани Рене Генон солҳои 1920 мақолаҳои ӯ дар маҷаллаи католикии Regnabit («Тахтнишинӣ») ба нашр мерасиданд.
Рене Генон бунёдгузори суннатгароии интегралӣ (равиши фикрие, ки бар пояи андешаи мавҷудияти Суннати Примордиалӣ ё «Ҳикмати ҷовидон» (Sophia Perennis, Санатана Дҳарма) қарор дорад, ба шумор меравад. Таълифоти ӯ, ки ба забони фаронсавӣ навишта ва нашр шуда буданд, ба зиёда аз 20 забон тарҷума гаштаанд. Ӯ ҳамчунин навиштаҳои худро ба забони арабӣ дар нашрияи «ал-Маърифа» чоп мекард. Чандин асари Рене Генон, аз ҷумла, китобҳои «Царь мира» (Вопросы философии, 1993, № 3), «Царство количества и знамения времени» (М., 1995), «Великие символы священной науки» (М., 1996), «Кризис современного мира» (М., 1994), «Очерки о традиции и метафизике» (М., 2010), мақолаҳо ва бобҳои алоҳидаи китобҳои ӯ «Общее введение в изучение индуистских доктрин» ва «Символика креста» дар маҷаллаҳо ба забони русӣ ба табъ расидаанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.