Реал Мадрид (бошгоҳи футбол)
бошгоҳи футболи испонӣ / From Wikipedia, the free encyclopedia
«Реал Мадрид» (исп. Real Madrid Club de Fútbol, талаффузи испонӣ: [reˈal maˈðɾið ˈkluβ ðe ˈfuðβol]) — яке аз дурахшонтарин бошгоҳи футболи испонӣ, ки дар шаҳри Мадрид – пойтахти Испониё қарор дорад. Аз ҷониби ФИФА беҳтарин бошгоҳи футболи асри XX эътироф шудааст. «Реал Мадрид» яке аз се дастаест, ки дар қатори тимҳои «Барселона» ва «Атлетик Билбао» ҳеч гоҳ дивизиони олии Испониёро тарк накардааст[4]. Яке аз бошгоҳҳои серҷомтарин дар футболи Испониё ба ҳисоб меравад. Дар тӯли фаъолият бошгоҳи «Реал Мадрид» 68 ҷоизаи миллиро соҳиб шудааст: 35 – қаҳрамони Ла Лига, 20 – Ҷоми Испониё, 12 – Суперҷоми Испониё ва 1 – Ҷоми Ла Лига[5]. Аз рӯи шумораи ҷом ва гол дар Лигаи қаҳрамонҳои Урупо натиҷаи рекордӣ (14 – ҷом, 5 маротиба пайиҳам) дорад.
Реал Мадрид | ||||
Номи пурра | Real Madrid Club de Fútbol[1] | |||
Лақаб | Los Blancos (Сафедҳо) Los Galácticos (Каҳкашониҳо) Los Merengues (Хомаиҳо) Los Vikingos (Викингҳо) La Casa Blanca (Кохи сафед) | |||
Таъсис | 06.03.1902 | |||
---|---|---|---|---|
Майдон | «Сантияго Бернабеу», Мадрид | |||
Ғунҷоиш | 81 044[2] | |||
Президент | Флорентино Перес | |||
Мураббӣ | Карло Анчелотти | |||
Капитан | Начо | |||
Рейтинг | ҷойи 5-ум дар раддабандии УЕФА[3] | |||
Сарпараст | Fly Emirates | |||
Сайт | realmadrid.com | |||
Мусобиқа | Ла Лига | |||
2023/24 | Қаҳрамон | |||
| ||||
2022/2023 |
«Реал Мадрид» яке аз арзишмандтарин бошгоҳҳои варзишии ҷаҳон аст. Тибқи маълумоти «Deloitte», дар мавсими 2022/23, бошгоҳ бо даромади солонаи 713,8 миллион евро дар ҷои дуюм аст[6]. Дар соли 2023 бо арзиши умумии 6,07 миллиард доллар арзишмандтарин бошгоҳи футбол эътироф гардид[7].