Перигелий
From Wikipedia, the free encyclopedia
Перигелий (юн.-қад. περί «пери» — дар атрофи, назди юн.-қад. ἥλιος «гелиос» — Офтоб) — нуқтаи ба Офтоб наздиктарини мадори сайёра ё дигар ҷисми Манзумаи офтобӣ. Инчунин масофаи миёни ин нуқта ва маркази Офтоб.
Муқобили перигелий афелий (апогелий) — нуқтаи дуртарини мадори ҷисми осмонӣ аз Офтоб.