Ордени Ситораи Сурх
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ордени Ситораи Сурх (рус. Орден Красной Звезды) — бо Фармони Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 6 апрели 1930 таъсис дода шудааст. Қонунияти орден бо Қарори Президиуми Кумитаи иҷроияи марказии СССР 5 майи 1930 таъйин шудааст.
Баъдан, масъалаҳои марбут ба супурдани ордени Ситораи Сурх бо Низомномаи умумии орденҳои СССР (Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Шӯрои Комиссарони Халқии СССР аз 7 майи 1936), Указҳои Президиуми Шӯрои Олии СССР аз 19 июни 1943, 26 феврали 1946, 15 октябри 1947 ва 16 декабри 1947 ислоҳ ва илова карда шуданд. Бо фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР аз 28 марти 1980 Низомномаи ордени Ситораи Сурх дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд.